Қисмате аз хатсайрҳои ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба ширкати хусусии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дода шуд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари ҶСК «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев изҳор намуд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ ширкат 20 млн. сомонии маблағи пешбинишударо ба даст оварда натавонист. «Дар ин давра ширкат 793 парвоз тариқи хатсайрҳоро анҷом дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 8% камтар аст», - иброз дошт ӯ.

Ба қавли Ҳамроев, сабаби аслии коҳиши парвозҳо дар он ифода меёбад, ки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ қисмате аз парвозҳои ширкати «Тоҷик Эйр»-ро ба ихтиёри ширкати хусусии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» супурд.

«Вазорат парвозҳои ширкати мо тавассути се хатсайр – Хуҷанд – Маскав, Душанбе – Истанбул ва Душанбе – Маскавро гирифт. Акнун мо кӯшиш дорем, ки самтҳои иловагӣ дарёфт кунем, ки то ки маблағи камомади аздастдодаро рӯйпӯш намоем», - қайд кард номбурда.

Дар идомаи шарҳи чунин амалҳои Вазорати нақлиёт Ҳамроев ҳамчунин зикр кард, ки «шояд ба рушди бахши хусусӣ муваффақ шуданианд». «Шояд масъала сари он аст, ки ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ бояд дар муҳити рақобат бо ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ рушд кунанд. Хуллас, мо каме гузашт кардем, то ки бахши хусусӣ рушд ёбад», - афзуд ӯ.

Тибқи баъе маълумот, ширкати хусусии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба хешовандони наздики мақомоти олии раҳбарии Тоҷикистон тааллуқ дорад.