Аз оғози сол қурби асъори миллӣ – сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 5% поин рафт.

Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдуҷаббор Ширинов дар ин робита изҳор намуд, ки қурби доллари ИМА дар бозор 5%, вале қурби муқаррашудаи доллари ИМА аз ҷониби БМТ 3,5% афзудааст. «Мо кӯшиш мекунем, ки коҳиши қурби сомониро боздорем, вале ин натанҳо аз мо, балки аз бозор ва воридоти асъор ба кишвар низ вобаста аст», - иброз дошт вай.

Ғайр аз ин, Ширинов зикр кард, ки мизони таваррум то ахири сол дар сатҳи 7,5% нигоҳ дошта мешавад ва ба ин айни замон поинравии нархҳо ба гандум , ки аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид мегарданд, мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки аз оғози сол мизони таваррум дар Тоҷикистон 4,5%-ро ташкил дод. Дар ҳамин давраи соли гузашта мизони таваррум ба 1,6% баробар буд. «Болоравии нархи гандум ба андозаи 5,1% ва нафт ба микдори 1,1% дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба мизони таваррум таваррум таъсир расониданд. Таҳлилҳо гувоҳи онанд, ки солҳои наздик нархи гандум поин меравад, ки албатта ба мизони таваррум бетаъсир нахоҳад буд», - афзуд ӯ.