Зимни убури роҳи оҳани қаламрави Ӯзбекистон қатораҳои Тоҷикистон дигар ба мушкилоте дучор намешаванд.

Муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Усмон Қаландаров зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки мушкилоти қаблан ҷойдоштаи корхона бо Ӯзбекистон имрӯз вуҷуд надоранд ва қатораҳои Тоҷикистон бидуни монеъа қаламрави кишвари ҳамсояро убур мекунанд. «Имрӯз тамоми масъалаҳои пайдошуда миёни роҳиоҳанчиёни ду кишвар тариқи як занги телефонӣ ҳаллу фасл мешавад», - гуфт ӯ.

Гузашта аз ин, ба қавли ӯ, корхонаҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Ӯзбекистон тарифҳо барои ҳамлу нақли транзитӣ тариқи қаламрави кишварҳоро коҳиш медиҳанд.

Ба гуфтаи Қаландаров, аввали соли равон Тоҷикистон тарифҳои боркашонии транзитӣ барои Ӯзбекистонро аз рӯи баъзе навъи бор то 50% поин бурд. «Аз ҳамин гуна амал аз ҷониби Ӯзбекистон низ интизорӣ меравад, - иброз дошт ӯ. – Пешниҳодҳои таҳиякардаи мо дар ин масъаларо айни замон ҳамтоҳои ӯзбекамон баррасӣ доранд».

Муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таъкид намуд, ки ҳарчанд айни замон ҳаҷми боркашонии транзитӣ 89% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бошад ҳам, аммо тамоили болоравии ҳаҷми он аллакай ба мушоҳида мерасад.

Ёдрас мекунем, ки тайи даҳсолаи ахир КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро Амонулло Ҳукуматулло раҳбарӣ мекард, ки тибқи баъзе маълумот, хеши президенти кишвар аст. Аввали моҳи феврал Амонулло Ҳукуматулло «бинобар сабаби ба нафақа баромадан» бо қарори ҳукумат аз вазифааш озод карда шуд. Айни замон раҳбари корхона Комил Мирзоалиев мебошад.