Бо мавриди истифода қарор гирифтани заминҳои боир (замини обии аз гардиши кишоварзӣ дурмонда) ба иқтисодиёти ноҳияи Қумсангир 42 миллион сомонӣ даромад шудааст.

Холмурод Раҳмонов, раиси ноҳияи Қумсангир дар ин робита мегӯяд, соли равон аз ҳисоби заминҳои боири ноҳия 1 ҳазору 156 га заминро ба гардиши кишоварзӣ даровардаанд.

«Дар ин заминҳо хоҷагиҳои деҳқонии инфиродии оилавӣ таъсис дода шуд, ки онҳо ба кишти пиёзу сабзӣ ва тарбузу харбуза машғул шуданд», - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Х.Раҳмонов, мувофиқи ҳисобу китоби идораи кишоварзӣ ва худи масъулони хоҷагиҳо, аз ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани ин заминҳо ба иқтисодиёти ноҳия ҳудуди 42 миллион сомонӣ даромад  шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки имсол кишоварзони ноҳия ба ҳар як сомонии хароҷоткардаашон тақрибан аз 2,5 то 3,7 сомонӣ фоидаи соф гирифтаанд.