Зимни нишасти хабарӣ муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор намуд, ки айни замон Ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» дар ҳолати ноустувори молиявӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати ҷумҳурӣ аз вазъи ширкати «Барқи тоҷик» нигарон аст, зеро феълан қарзи ширкат аз буҷет 194 млн. сомониро ташкил дода ва ин ҳам дар ҳолест, ки қисмати зиёди қарзи он дар ҳаҷми 242,8 млн. сомониро ҳукумат аз этибор соқит карда буд.

«Нахуствазири ҷумҳурӣ роҳбари Шӯрои нозирони ширкати «Барқи тоҷик» ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор аъзои ин Шӯро таъин шуда, умедворем, ки фаъолияти ширкат беҳтар мегардад ва менеҷменти чанде қабл ивазшуда барои раҳо кардани ширкат аз вазъи душвор пурсамар тадбир хоҳад андешид», - қайд кард ӯ.

Дар робита ба болоравии тарифҳои истифодаи барқ Нуралиев зикр кард, ки агар ҷамъоварии маблағҳо мутобиқи тарифҳои нав дуруст ба роҳ монда шавад, ин ба вазъи молиявии ширкат таъсири мусбат мерасонад, зеро сухан сари 14 млрд. кВт/соат барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистион меравад ва агар талафот ба вуҷуд наояду маблағ дуруст ва саривақт ҷамъоварӣ гардад, метавон дар бораи комёбӣ ҳарф зад.

«Албатта, ба туфайли боло бурдани тарифҳо вазъ куллан тағйир наёфта, бидуни баргузории ислоҳот дар сохтор, беҳбуди сохтори ниҳодии ширкат ва коҳиши сатҳи талафот наметавон бобати беҳбуди вазъи молиявии ширкат сухан гуфт», - афзуд ӯ.