Миёни коргоҳи заршӯии «Одина» ва крхонаи механикии Магадан оид ба таҳвили таҷҳизот ба Тоҷикистон қарордод ба имзо расид.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз коргоҳи «Одина» хабар доданд, таҷҳизоти заршӯии ППМ-5 ва ГГМ-3 истеҳсоли ин корхона қаблан ҳам ба Тоҷикистон оварда шуда, мавриди истифода қарор дорад ва ин дафъа коргоҳ барои ин таҷҳизот қисмҳои эҳтиётӣ фармоиш додааст.

«Маблағи қарордоди охир 2 млн. раблуи русиро ташкил дода, он ба коргоҳи мо ҷиҳати афзоиши истихроҷи тилло дар кони тиллои пошидаи Яхсӯ кумак мекунад», - гуфтанд дар коргоҳ.

Ба иттилои манбаъ, тӯли солҳои зиёдест, ки ширкатҳои машғул ба истихроҷ дар конҳои пошида (реза)-и тилло дар Тоҷикистон бо корхонаи механикии Магадан ҳамкорӣ доранд.

Коргоҳи заршӯии «Одина» аз соли 2001 дар яке аз қитъаҳои кони тиллои пошидаи «Яхсӯ» бо номи «Дондушкан» ба истихроҷи маъдан машғул аст. Муддати як сол дар коргоҳ каме бештар аз 100 кило тилло истихроҷ мешавад.