Аз рӯи натиҷаҳи семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба Тоҷикистон 276 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Лочин Файзуллоев зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки аз ҳаҷми умумии сармояи воридшуда, 186 млн. $ воситаҳои қарзии ҷалбшуда аз ҷониби корхонаҳо буда, 89 млн. $ сармоягузории мустақим мебошад.

Ба гуфтаи вай, нисбат ба семоҳаи аввали соли 2013 ҳаҷми сармоягузории мустақими хориҷӣ дар соли равон 27 млн. зиёд шуда, ҳамчунин воридшавии дигар навъҳои сармоягузорӣ низ ба миқдор 67 млн. доллари ИМА афзудааст.

«Сармоягузориҳои мустақим асосан ба омӯзиши захираҳои боигариҳои зеризаминӣ ва коркарди конҳо (39 млн.. $), рушди алоқа (3 млн.$), хизматгузориҳои молиявӣ (5 млн. $), сохтмон (7 млн. $ ) равона гардиданд», - иброз дошт ӯ.

Муовини вазир ҳамчунин зикр кард, ки ҳиссаи бештари сармоя ба Тоҷикистон – 132 млн. $ ё худ 47% аз ҳаҷми умумии сармоягузорӣ аз Русия ворид шуда, дар ин давра аз Чин – 56 млн. $ (20,2%), Люксембург – 17 млн. $), ИМА – 15 млн. $, Қатар – 7 млн. $, Швейтсария – 7 млн. $, Олмон – 5 млн. $, Британияи Кабир – 5 млн. $, Аморати Муттаҳидаи Араб – 4 млн ва Нидерланд 3 млн. $ маблағи сармоягузорӣ ҷалб шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз ин миқдор сармояи воридшуда 64,4% ба Душанбе, 25,2% - ба вилояти Суғд, 9,07% ба ноҳияҳои тобеи марказ, 0,85% - ба вилояти Хатлон ва 0,03% - ба ВМКБ ворид шудаанд.

«Бо мақсади ҷалби сармоя ба ҷумҳурӣ нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи умумии 53,4 млн. $ 6 лоиҳаи сармоягузорӣ ба имзо расид, ки 75,5% аз ин маблағро воситаҳои бурсӣ ташкил медиҳанд», - афзуд Файзуллоев.