Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматҷон Бӯриев изҳор намуд, ки дар Корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия ба таври назаррас коҳиш ёфта, нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли он 63,9 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,7% камтар мебошад.

Ба гуфтаи Бӯриев, ҳукумат аз вазъи молиявӣ ва истеҳсолоти «ТАЛКО» нигарон буда, лоиҳаи қарори ҳукумат оид ба нақшаи амали ҳукумат ва тадбирҳои дастгирии корхона таҳия шуда, дар вазорат умедворанд, ки ин санад қабул хоҳад шуд.

«Ин маҷмӯи тадбирҳои тадорукотӣ, сармоягузорӣ ва техникӣ буда, ҳамчунин дар он масъалаи сарфаи барқ ба инобат гирифта мешавад. Ман бар ин назарам, ки ин маҷмӯи тадбирҳо ба ислоҳи вазъ имкон медиҳад, вале набояд фаромӯш кард, ки вазъ дар ин корхона ба нишондиҳандаҳо дар бозори ҷаҳонӣ вобаста аст. Дар баробари коҳиши нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ, талабот низ ба он кам мешавад», - иброз дошт ӯ.

Бино ба маълумолти зикргардида дар нишасти хабарӣ, ҳиссаи алюминий ва нахи пахта дар ҳаҷми умумии содирот ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта, дар маҷмӯъ 32%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки соли 2012 ҳиссаи алюминий ва нахи пахта дар ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти Тоҷикистон хеле бузург буда, 59,2%-ро ташкил медод, ки 40,6%-и онро алюминий ва маснӯоти он ва 18,6%-и онро нахи пахта ва маҳсулоти он ташкил медод.

Арзиши миёнаи алюминий дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз 2 ҳазору 16 $ барои 1 тонна дар соли 2012, то 1 ҳазору 830 $ дар соли 2013 поин рафт. Имрӯз арзиши 1 тонна алюминий дар бозорҳои ҷаҳонӣ 1 ҳазору 979 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Соли 2013 низ ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия дар Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) дар муқоиса бо соли 2012 ба миқдори 20,6% коҳиш ёфта, 216,4 ҳазор тоннаро ташкл дод, ки 197 ҳазор тоннааш ба хориҷи кишвар содирот шуд.

Бино ба маълумоти пешакии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, соли равон истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, 150 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод.