«Сомон Эйр» сомонаи навшудаи ширкатро ба кор медарорад. Фаъолияти сомона барои тамоми истифодабарандагон боз ҳам беҳтар гашт. Бахшҳои нав илова шуданд, ки ба истифодабарандагон имконият медиҳад ҳолати парвози ҳавопайморо дар режими онлайн бубинанд. Ба кор даровардани сомонаи навшуда, қадами навбатӣ ҷиҳати рушди хизматрасониҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» мебошад.
Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоӣ аз аввалинҳо шуда, дар Тоҷикистон барномаи навро барои Android ба кор даровардааст, ки истифодабарандагони таҷҳизоти мобилӣ бо ёрии он имконият пайдо мекунанд бо маҳсулот ва хизматрасониҳои электронии ширкати ҳавопаймоӣ кор кунанд, аз ҷумла маълумоти умумиро дар бораи хизматрасониҳои «Сомон Эйр» ба даст оранд. Системаи Android дар бисёре аз таҷҳизоти мобилии муосир насб шудааст (Samsung, HTC, SonyEricsson, Motorola, LG и др.).
Барномаи «Somon Air» ройгон мебошад. Барои насб кардани он ба таҷҳизоти мобилии худ, зарур аст, ки дар номгӯи «Ҷустуҷӯ» дар Google Play Store бо ҳарфҳои лотинӣ Somon Air навишта, барномаро насб кунед (скачать).
Илова бар ин, айни ҳол ширкати ҳавопаймоӣ ба таҳияи барномаи мобилӣ барои Apple (IOS) машғул аст, ки ба наздикӣ дастрас хоҳад шуд.
Феълан «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самтҳои Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон муваффақона иҷро менамояд. Сомон Эйр дорои ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 мебошад.
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 3
Заминларза. Чӣ гуна метавон худро ҳифз кард ва ба кадом хатоҳо набояд роҳ дод?
Охири ҳамин ҳафта ҳавои Тоҷикистон каме сарду серборон мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 апрели соли 2025
“Душманонаш ташкил карданд”. Ҳамсари раиси пешини Конибодом боздошти шавҳарашро тасдиқ, аммо айбро рад кард
Ҷаримаи як ронандаи таксӣ барои бадрафторӣ бо сайёҳони австралиягӣ
Қатар муҳоҷирони тоҷикро барои кор дар фурудгоҳ даъват мекунад. Маош чӣ қадар аст ва талабот чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста