Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ даромади ширкатҳои хусусии алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон қариб 16% коҳиш ёфт.
Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Адолат Абдураҳмонзода изҳор намуд, ки тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, давоми моҳҳои январ-июни соли равон ларомади ширкатҳои хусусии алоқаи мобилӣ 980 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли газшта ба 84% баробар аст.
«Дар маҷмӯъ, тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, даромади умумии корхонаҳои бахши алоқа ва операторони хусусӣ дар нимсолаи аввал 1 млрд. 48,3 млн. сомониро ташкил дод», - қайд кард ӯ.
Абдураҳмонзода илова намуд, ки даромади ҶСК «Тоҷиктелеком» дар ин давра - 69,4 млн., КВД «Почтаи тоҷик» - 3,3 млн. ва дигар сохторҳои соҳаи алоқа - 5,9 млн. сомониро ташкил додаанд.
Ба гуфтаи номбурда, айни замон шумори корбарони шабакаи интернет дар Тоҷикистон бо назардошти корбарони мобилӣ 2,8 млн. нафарро ташкил дода, ҳар як се нафар аз тоҷикистониён аз интернет истифода мекунанд, яъне ба ҳар 100 нафар аҳолии кишвар (шумори умумии аҳолӣ - беш аз 8,4 млн. нафар) 34 нафар корбарони шабакаи Интернет рост меоянд.
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 3
Заминларза. Чӣ гуна метавон худро ҳифз кард ва ба кадом хатоҳо набояд роҳ дод?
Охири ҳамин ҳафта ҳавои Тоҷикистон каме сарду серборон мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 апрели соли 2025
“Душманонаш ташкил карданд”. Ҳамсари раиси пешини Конибодом боздошти шавҳарашро тасдиқ, аммо айбро рад кард
Ҷаримаи як ронандаи таксӣ барои бадрафторӣ бо сайёҳони австралиягӣ
Қатар муҳоҷирони тоҷикро барои кор дар фурудгоҳ даъват мекунад. Маош чӣ қадар аст ва талабот чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста