Ширкати муштараки “Ориён-Узагро” ба сохтмони корхона оғоз мекунад, ки дар заминаи таркибу ҷузъ ва қисмҳои эҳтиётии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба истеҳсоли техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ машғул хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти хабаргузории kun.uz, ҳанӯз 9 ноябри соли 2018 байни “Корхонаи техникаи кишоварзии Тошканд”, ки ба ҳайати ҶС “Узагротехсаноатхолдинг” шомил аст ва “Ориёнбонк”-и Тоҷикистон дар бораи таъсиси ширкати муштараки истеҳсолӣ созишнома ба имзо расида буд.

Тавре дафтари матбуоти “Узагротехсаноатхолдинг” хабар медиҳад, корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон санаи 11 феврал дар Кумитаи андози Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин робита рӯзи 14 феврал дар сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Душанбе вохӯрии кории ҳайати Ӯзбекистон бо директори генералии ширкати “Ориёнинвест” Саидисматулло Валиев ва ҳайати кормандони он доир гардидааст.

Зимни мулоқот таъсиси корхонаи мазкурро ҷонибҳо муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, изҳор доштаанд, ки он ба густариш ва таҳикими муносибатҳои шарикии стратегӣ байни давлатҳо мусоидат менамояд.

Гуфта мешавад, Ҷамъияти саҳҳомии “Узагротехсаноатхолдинг” бо корхонаҳои маъруфи олмонии Lemken, CLAAS, ширкати мошинсозии амрикоии Jonh Deere, корхонаи бузурги истеҳсолкунандаи техникаи кишоварзӣ ва сохтмони саросари дунё - CNH Industrial NV ҳамкорӣ дорад.

Дар паҳнои ИДМ корхона бо ширкати русиягии Росселмаш, корхонаҳои беларусии БобруйскАгроМаш ва холдинги «Амкодор», Корхонаи истеҳсоли тракторҳои Минск ва дигар ширкату корхонаҳо пурсамар ҳамкорӣ мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.