Сатҳи пардохти маблағи нерӯи барқи интиқолёфта аз нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” ба ширкати “Барқи тоҷик” ба ҳисоби миёна на зиёдтар аз 31% аз арзиши онро ташкил дод.

Ҳамин тариқ, давоми семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми қарзи ширкати “Барқи тоҷик” назди нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” ба миқдори 118,4 млн. сомонӣ (беш аз 12,5 млн. доллар) афзуда, ба санаи 31 марти соли 2019 ба 1,17 млрд. сомонӣ (наздики 110 млн. доллар) баробар шуд.

Нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” тӯли се моҳ ба ширкати “Барқи тоҷик” бо назардошти андоз аз арзиш иловашуда (ААИ) ба маблағи 170,7 млн. сомонӣ нерӯи барқ итиқол дод.

Дар “Сангтӯда-1” қайд мекунанд, ки истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳ мувофиқи ҷадвали интиқол амалӣ мешавад.

Интиқоли барқ аз нерӯгоҳ давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ дар ҳаҷми 612,0 млн. кВт/соат сурат гирифтааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 7,2 млн. кВт/соат зиёдтар мебошад.

Аммо ин 21,0 млн. кВт/соат камтар аз ҳаҷми пешбинишуда дар ҷадвали баимзорасидаи интиқоли барқ дар соли 2019 ба ШСХК “Барқи тоҷик” аст.

Нишондиҳанда (коэффисиент)-и миёнаи истифодаи иқтидори мавҷудаи нерӯгоҳ дар семоҳаи аввали ҳамин сол 42,6%-ро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки ширкати “Барқи тоҷик” ягона харидори барқи истеҳсолшуда дар нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” мебошад.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми умумии қарзи ширкати “Барқи тоҷик” ба аввали соли равон 23,1 млрд. сомонӣ (ҳудудуи 2,5 млрд. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.