Бонки миллии Тоҷикистон ба аввалин бонки исломӣ дар кишвар – ҶСК “Тавҳидбонк” иҷозатномаи фаъолият дод.

“Дар марҳилаи нави рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устувор нигоҳ доштани низоми бонкӣ, пешниҳоди маҳсулотҳои бонкдории исломӣ, ки таҷрибаи устувори пешгирикунандаи хавфҳои молиявиро дорад, метавонад маблағҳои озоди аҳолӣ ва сармоягузориҳои дарозмуддати мустақими хориҷиро ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷалб намояд ва замина барои рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва низоми бонкии ҷумҳурӣ гардад”, - омадааст дар баёнияи шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки ҶСК “Соҳибкорбонк” бинобар табдил шуданаш ба бонки исломӣ бо қарори Маҷлиси умумии саҳмиядорон аз 12-уми июни соли 2019 ба ҶСК “Тавҳидбонк” тағйири ном кард.

“Мутобиқи моддаи 42-и Қонуни ҶТ “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 4, 10, 12 ва 18-и Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ва бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16-уми сентябри соли 2019, таҳти №116 ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тавҳидбонк” барои анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд”, - зикр шудааст дар варақаи иттилоотӣ.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни супоридани иҷозатнома барои фаъолияти бонкдории исломӣ ба иҷрокунандаи вазифаи Раиси ҶСК “Тавҳидбонк” Шералӣ Зардов изҳор дошт, ки рӯйдоди мазкур барои низоми бонкии кишвар як саҳифаи нав кушода, баҳри ҷалби сармояи хориҷӣ ва кушодани бонкҳои нав бо принсипи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади муҳайё кардани заминаи ҳуқуқӣ барои ҷорисози бонкдории исломӣ Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” аз 26-уми июли соли 2014, № 1108 қабул гардид. Он асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломиро дар Тоҷикистон муайян карда, барои пешбурди чунин фаъолият шароити мусоид фароҳам месозад.