Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ҷараёни санҷиши фаъолияти ташкилоту муассисаҳои буҷетии кишвар дар 9 моҳи соли равон ба маблағи 102,5 млн. сомонӣ (беш аз 10,5 млн. доллар) зарари молӣ ошкор кард.

Ин миқдор зиён дар натиҷаи баргузории 217 санҷиши аудиторӣ дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ ошкор шудааст. Дар ин бора Палатаи ҳисоби ҶТ хабар медиҳад.

Қаблан аз рӯйи натиҷаҳои нимсолаи аввал дар Палатаи ҳисоб қайд карданд, ки аксари далелҳои ошкоршудаи расонидани зарари пулӣ ба беҳуда сарф кардани буҷет, кам ё рӯйпӯш кардани андозҳо, боло бурдани арзиши ҳаҷми таъмиру сохтмон, хароҷоти ғайриқонунӣ ва беасос аз эътибор соқит кардани маблағҳо дахл доранд.

Ҳамчунин дар мавридҳои фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, пардохт накардани фоида (дивиденд) аз рӯйи саҳмияҳои давлатӣ низ зарари молиявӣ муайян шудааст.

Зарари аз ҳама калон аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши аудиторӣ дар нимсолаи аввал дар КВД “Манзили дастрас” – 41,1 млн. сомонӣ (зиёда аз 4,2 млн. доллар) ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.