Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳаи Digital CASA, ки Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро бо хати ягонаи оптикӣ-нахӣ мепайвандад, корҳои зиёд анҷом додааст ва дар ин самт миёни кишварҳои минтақа пешсаф аст.

Дар ин бора намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс рӯзи 30-юми октябр зимни мулоқот бо муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев изҳори назар кард.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳадафи асосии лоиҳа зиёд кардани дастрасӣ ба шабакаи Интернети босуръат дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар ноҳияҳои дурдаст мебошад.

Инчунин татбиқи лоиҳаи мазкур амалигардонии маҷмӯи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки ба рушди иқтисоди рақамӣ, зиёд кардани пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилу тавсеаи тиҷорат ва татбиқи ҳукумати электронӣ мусоидат менамояд.

Нуралиев зикр кард, ки татбиқи лоиҳаи мазкур барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар, ташаккули инфрасохтори рақамӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироӣ дар минтақа, дастрасии молиявӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет, ба миён омадани рақобати солим ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ кумак хоҳад кард.

Гуфта мешавад, татбиқи ин лоиҳа ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ки хати шабакаи интернети босуръатро якбора аз чанд тараф (аз шарқ – Чин; аз ғарб – Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра) ба ҷумҳурӣ ворид кунад, ки он боиси таъминоти устувори Интернет мешавад.

Лоиҳаи Digital CASA тобистони соли 2017 дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Рушди иқтисодиёти рақамӣ дар доираи лоиҳаи “Digital CASA” ба пайваст намудани ду минтақаи Осиё: Марказӣ ва Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард. Иштирокчиёни имконпазири Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон мебошанд.

Дар бораи хоҳиши маблағгузорӣ ба татбиқи лоиҳа он замон чанде аз ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ, аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ изҳори назар карда буданд.

Натиҷаи пурсамари лоиҳа барои Тоҷикистон дастрасии сокинони кишвар ба интернети арзони васеъхат аз ҳисоби шабакаҳои алтернативӣ арзёбӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.