Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар болоравии нархи чаканаи ангишт миёнаравонро гунаҳкор дониста, аз мақомоти маҳаллӣ даъват кардааст, ки ба масъалаи беасос қимат шудани ин навъи сӯзишворӣ расидагӣ кунанд.

Сардори Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ Баҳриддин Абдураҳимзода ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки бо истифода аз фарорасии мавсими сармо шахсони ҷудогона нархи ангиштро боло бурданд.

Ӯ аз мақомоти маҳаллӣ даъват кард, ки ин масъаларо ҳаллу фасл карда, ба қиматшавии ангишт, ки ягон сабаби воқеӣ надорад, роҳ надиҳанд.

Абдураҳимзода қайд кард, ки истеҳсолгарон нархи чаканаи ангиштро, ки айни замон вобаста ба сифати он 1 тоннаш аз 250 то 300 сомонист, боло набардоштаанд.

Масалан, таъкид дошт ӯ, як тонна ангишти сифаташ хубро дар кони Фон-Яғноб имрӯз метавон ба 300 сомонӣ харид.

Ба қавли Абдураҳимзода, нархи ҳамин миқдор ангишт то расидан ба шаҳри Душанбе аллакай 700 сомонӣ мешавад.

Ӯ қайд кард, ки ба пешгирӣ кардани чунин ҳаннотӣ аз ҷониби миёнаравон “Тоҷикматблубот” мусоидат карда метавонад.

“Тоҷикматлубот” ба ташкили нуқтаҳои фурӯши маҳсулот вазифадор аст, то ки аз болоравии беасоси арзиши онҳо пешгирӣ шавад”, - шарҳ дод намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав.

Илова бар ин, гуфт ӯ, имрӯз дар ҷумҳурӣ миқдори рекордии ангишт истеҳсол шуда, талаботи дохилиро пурра қонеъ месозад ва қисмате аз он ҳатто ба хориҷи кишвар содирот мешавад.

Абдураҳимзода зикр кард, ки айни замон дар 11 кони кишвар корҳои истихроҷи ангишт ба роҳ монда шудааст.

Таъкид шуд, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ 1 млн. 942 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 180 ҳазор тонна бештар мебошад.

Намояндаи Вазорати саноат илова кард, ки зиёда аз 420 ҳазор тонна ангишт айни замон дар анборҳо нигаҳдорӣ мешавад.

Тибқи маълумоти Радиои Озодӣ, нархи чаканаи ангишт натанҳо дар ноҳияҳои дурдаст, балки дар гирду атрофи пойтахт низ боло рафтааст: арзиши 1 кило ангишт аз 50 дирам то 1 сомонӣ афзудааст.

Ҳамчунин нархи ангишти аз Қирғизистон воридшуда аз 1,30 сомонӣ то 2 сомонӣ боло рафтааст. Тибқи маълуомти Вазорати саноат, нархро фурӯшандагони миёнарав боло бурдаанд. Арзиши он дар худи Қирғизистон боло нарафтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед