Дар Тоҷикистон имсол барои баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ҳамон миқдор маблағҳои буҷетӣ сарф хоҳад шуд, ки барои рушди бахши кишоварзӣ, соҳаи саноат ва сохтмон ҷудо мешавад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ имсол барои рушди соҳаи фарҳанг ва варзиш наздики 1 млрд. сомонӣ маблағ ҷудо мекунад, ки 4% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад. Қариб ҳамин миқдор маблағ ба рушди се соҳаи асосии иқтисод - бахшҳои кишоварзӣ, саноат ва сохтмон равона мегардад.
Дар буҷети соли 2020 барои соҳаи фарҳангу варзиш ҷудо гардидани 973 млн. сомонӣ, бахши аграрӣ - 785 млн. сомонӣ ва саноату сохтмон – 232 млн. сомонӣ маблағҳо пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ҷудо гардидани маблағҳои нисбатан зиёд ба соҳаи маориф (5 млрд. сомонӣ), энергетика (3,9 млрд. сомонӣ), суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (3,9 млрд. сомонӣ) ба нақша гирифта шудааст.
Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли равон 26,3 млрд. сомонӣ муқаррар шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 9,3% зиёдтар мебошад.
Буҷети давлатии Тоҷикистон хусусияти иҷтимоӣ дошта, 44,5% аз ҳаҷми умумии буҷети соли 2020 (11,7 млрд. сомонӣ) барои маблағгузории бахши иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозхонди фурӯши баъзе аз маҳсулоти ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста