Лоиҳаи тафсири илмии Кодекси гумруки Тоҷикистон пурра мавриди таҳрир ва ягонасозии сабку услуб қарор гирифта, айни замон омодаи чоп аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, тибқи нақша, табъу нашр ва дастраси хонанда гардидани тафсир дар муҳлатҳои наздиктарин дар назар аст.

“Лоиҳаи тафсир бо мақсади иҷрои қарори ҳукумат “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар ҶТ барои солҳои 2012-2020” таҳия шуд”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, тафсир имкон медиҳад, ки татбиқи меъёрҳои он аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти гумрук боз ҳам дурусту саривақтӣ ба роҳ монда шуда, дастрасии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба маълумоти марбут ба расмиёти гумрукӣ васеъ гардида, мазмуни меъёрҳои Кодекс возеҳу равшан гарданд.

“Ҳамчунин, тафсири Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба раванди тадрису омӯзиши муассири кори гумрукӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мусоидат намояд”, - қайд мешавад дар маълумоти Хадамот.

Таъкид мешавад, ки аз тафсир ба Кодекси гумрук донишҷӯёни мактабҳои олии дахлдори кишвар истифода бурда метавонанд.

Лоиҳаи тафсири Кодекси гумруки Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби гурӯҳи кории иборат аз мутахассисону олимон, ки дар назди Хадамоти гумрук таъсис дода шуд, таҳия гардид.

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ
Сурат: дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҶТ

Қобили зикр аст, ки Кодекси амалкунандаи гумруки Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2004 мавриди амал қарор гирифта буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.