Савдои чакана дар Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 2,7% кам шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра молу маҳсулот ба маблағи 19,4 млрд сомонӣ ба фурӯш рафтааст.

Вазни қиёсии маҳсулоти хӯрокӣ дар ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана 49,1% ва маҳсулоти ғайриозуқа - 50,9%-ро ташкил додааст.

Аз рӯйи нарх дар савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокӣ ҳиссаи гӯшт ва маснуоти ҳасиб бештар буда, ба 15,4% аз ҳаҷми умумӣ баробар аст.

Ҳиссаи орду нон муодили 12,5%, шакар (қанд) ва маснуоти қаннодӣ - 6,8%, сабзавоту картшка - 6,1%, равғани растанӣ - 5,1% мебошад.

Байни маҳсулоти ғайриозуқа ҳиссаи бештари вазни қиёсӣ ба масолеҳи сохтмон - 28,1%, автомобил ва қисмҳои эҳтиётии он - 9,6%, матоъ - 8,8%, маҳсулоти нафтӣ - 10,4%, пойафзол, маснуоти нассоҷӣ, сарулибос ва ҷойпӯш рост меояд.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ ба андозаи 6,3% ва маҳсулоти ғайриозуқа - 3,8% гарон шуданд.

Дар ин давра аз ҳама зиёдтар нархи чунин навъи маҳсулоти ғизоӣ боло рафт: шакар (қанд) - 19,6%, маснуоти нонӣ - 11,7%, мева - 7%, равған - 7%, картошка - 5,7%, гӯшт - 5%.

Маҳсулоти зерини ғайриозуқа аз ҳама бештар гарон шуданд: гази моеъ - 10,7%, маҳсулоти дорусозӣ - 8%, воситаҳои шустан (поккорӣ) - 6,8%, масолеҳи сохтмон - 6,7%, матоъ - 5,5%, қисмҳои эҳтиётии нақлиёт - 3,9%.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.