Сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-октябри соли равон 7%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Аз ҷумла, арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 9,6% ва маҳсулоти ғайриозуқа - 4,4% боло рафт.

Ҳукумати Тоҷикистон мизони таваррумро то охири сол дар сатҳи 7% нигоҳ доштанист. Аммо Бонки ҷаҳонӣ сатҳи таваррумро соли 2020 дар Тоҷикистон 10% пешгӯйӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки як сол пеш нарху тарифҳо дар Тоҷикистон ба миқдори 8% боло рафта буданд.

Чӣ аз ҳама зиёдтар қимат шуд?

Маҳсулоти хӯрокворӣ:

Шакар (қанд) – 37,8%;

Равған – 21,6%;

Маснуоти нонӣ – 12,2%;

Картошка – 11,2%;

Гӯшт – 5,7%.

Маҳсулоти ғайриозуқа:

Воситаҳои шустан – 8,6%;

Маҳсулоти дорусозӣ – 7,6%;

Масолеҳи сохтмон – 7,4%;

Ангишт - 6,8%;

Қисмҳои эҳтиётии нақлиёт – 6%;

Матоъ – 5,5%;

Гази моеъ – 4,5%.

Хизматрасониҳои пулакӣ:

Нархи роҳкирои сафар бо нақлиёти ҳавоӣ – 30%;

Хизматрасониҳои маишӣ – 4,16%.

Соли 2019 нархи маҳсулот чӣ қадар боло рафт?

Таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон соли гузашта ба нишондиҳандаи рекордӣ тайи ҳафт соли охир – 8% расид. Арзиши чиҳо аз ҳама бештар гарон шуд?


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.