Моҳи ноябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 2,7 млн доллар неруи барқ содирот шуд. Моҳи октябр интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблаги наздики 2 млн доллар сурат гирифт. Дар ин бора Агентии омори назди президенти Тоҷикистон маълумот медиҳад.

Дар бораи маҳз ба кадом кишварҳо интиқол ёфтани неруи барқ аз Тоҷикистон ишора нест, лекин қайд мекунем, ки имрӯз Тоҷикистон ҷиҳати интиқоли барқ ба Афғонистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон имкон дорад.

Аз оғози соли равон Тоҷикистон аз ҳисоби содироти неруи барқ зиёда аз 53 млн доллар даромад гирифт, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-ноябри соли 2019 ба андозаи 41,9% ё худ 38,2 млн доллар камтар аст.

Барқ содирот мешуду худамон бе барқ будем

Қобили зикр аст, ки тирамоҳи имсол сокинони Тоҷикистон ба ҷуз шаҳрҳои нисбатан бузург, дар интиқоли барқ маҳдудият доштанд.

Аввали моҳи декабр намояндагони ширкати “Барқи тоҷик” маълумотро дар бораи он, ки дар шароити камбуди шадиди барқ дар дохили ҷумҳурӣ, он ба кишварҳои ҳамсоя содирот мешавад, қотеъона рад карданд.

Вазъияти бамиёномадаро ширкат чунин маънидод кард, ки дар иншооти электроэнергетикӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ ҷараён доранд.

Интиқоли мунтазами шабонарӯзии барқ ба ҳамаи истеъмолгарон, аз ҷумла аҳолии кишвар, аз 10 декабр барқарор шуд.

Аммо захираҳои обиву энергетикӣ дар ҳаҷми маҳдуд боқӣ монда, дар ин робита “Барқи тоҷик” ва  раҳбарияти кишвар аз ҳама истифодаи сарфакоронаи барқро дархост намуданд, то ки об то баҳор кифоя бошад.

Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 захираи об дар обанбори Норак ду метр поинтар аст.

Президент ба сарфакорӣ даъват мекунад

Рӯзи 15 декабр зимни машварати корӣ бо раҳбарияти сохторҳои ҳукумат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавҷҷуҳи онҳоро ба таъсиси гурӯҳҳои корӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия, ҷоннок кардани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум оид ба истифодаи сарфакоронаву боинсофона ва мақсадноки нерӯи барқ ва ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани исрофкорӣ ҷалб намуд.

“Вобаста ба вазъи имрӯзаи захираҳои оби кишвар дар фасли зимистон, бояд ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият, низоми истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намоянд”, - изҳор дошт президент.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки “ҳарчанд захираи имрӯзаи об басанда аст, лекин дар сурати истифодаи исрофкоронаи қувваи барқ бори дигар зарурати ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли он пеш меояд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.