Баъди даҳ соли танаффус, интиқоли гази табии Ӯзбекистон дубора ба вилояти Суғд аз сар гирифта шуд. Имрӯз дар як маросими хос лӯлаи интиқоли гази табиӣ фаъол карда шуд. Гуфта мешавад дар қадами аввал ин газ барои мардум ва корхонаҳои саноатӣ дода мешавад.
Воридкунандаи гази табиии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд ширкати "Тоҷикгаз" гуфта мешавад.
Дар аввали моҳи октябри имсол Абдулҳаким Сӯфиев директори "Суғдиёнгаз" ба “Аsia-Plus” гуфта буд, ки эҳтимол дорад як метри мукааб гази табиии Ӯзбекистон то 2 сомонӣ арзиш дошта бошад.
Суфиев пештар гуфта буд, ки дар асоси созишнома ҷониби Ӯзбекистон омода аст, ки 1000 куб гази табииро бо арзиши 130 доллари ИМА ба Тоҷикистон бифурӯшад, ки бамаротиб дастрасу арзон аст. Даҳ сол қабл арзиши 1000 куб гази Ӯзбекистон то ба 340-360 доллари ИМА баробар буд.
Абдулҳаким Сӯфиев директори “Суғдиёнгаз” рӯзи 23-юми декабр ба “Азия-Плюс” гуфт, ки онҳо давоми панҷ моҳ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 60 километр лӯлаҳои газро таъмир карданд. Вай афзуд дар марҳилаи аввал гази табиӣ ба корхонаҳои саноатӣ дода мешавад.
“Дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 150 корхонаҳои саноатӣ аст, ки аксари онҳо бо барқу ангишт кор мекунанд. Қариб 50% онҳо омода ҳастанд, ки корашонро бо гази табиӣ пеш баранд. Ин аз ҷиҳати иқтисодӣ хело кӯмаки хуб ба ин корхонаҳо мешавад ва аз ҷиҳати экологӣ низ тоза аст. Яъне барқ сарфа мешавад барои ҳамин мо аввал корхонаҳои саноатиро таъмин мекунем. Фарқро агар бигирем, барои корхонаҳои саноатӣ гази табиӣ нисбати барқ тақрибан 75% арзонтар аст. Нисбат ба ангишт ва дигар намуди сӯзишворӣ тахмин 45 то 55% арзон ва муфид аст”.
Манбаъ афзуд ҳоло корхонаҳо бисёр ҳавасманд ҳастанд ва муроҷиат карда истодаанд ва мунтазири ҳамин рӯз буданд. Аммо бино ба гуфти Абдулҳаким Сӯфиев ҳоло корхонаҳо ба пуррагӣ барои қабули гази табиӣ омода нест ва талош доранд баъди боз шудани марзи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои овардани дастгоҳҳое, ки бояд ба корхонаҳои саноатӣ пайваст кунанд ба Тошканд бираванд.
Мудири шӯъбаи нақлиёт ва иртибототи вилояти Суғд Олим Очилзода мегӯяд, баъди қатъи гази табиӣ Ӯзбекистон хатҳои технологӣ, дегхонаҳо ва аксари иншоотҳои корхонаҳои саноатӣ ба истифодаи ангишт мутобиқ кунонида шудаанд. Ӯ гуфт тибқи ҳисоби пешакӣ талаботи корхонаҳои саноатӣ ба гази табиӣ дар як моҳ 2,4 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 850 километр лӯлаҳои гази гуногунҳаҷм мавҷуд аст ва ҳоло беш аз 60 километри чунин қубурҳои фарсуда, асосан дар ҳудуди Хуҷанд таъмиру ба истифода дода шудааст. Дар назар аст гази табиӣ ба шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва Истиқлол дода мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Принсипи муомила ба мисл. Тоҷикистон низ раводидро барои шаҳрвандони Эрон пурра лағв кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 феврали соли 2025
Ҳуқуқшинос, муҳандис ва вакили парлумон: Вазири нави меҳнату муҳоҷират кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 феврали соли 2025
Низоми 10-холаи баҳогузорӣ, норасоии кадрӣ, мақоми омӯзгор... Вазири маориф дар нишасти матбуотӣ боз чӣ гуфт?
Моякӯбӣ барои кӣ ва чӣ муҳим аст?
“Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд
Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад
Чаро зани серфарзанди тоҷикро дар Русия баъди тақдими хона дастгир карданд?
Вазири энергетика 5 шарти расидан ба "истиқлолияти комили энергетикӣ" дар соли 2027-ро гуфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста