Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи надози назди ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодаш далели дар соли 2020 иҷро карда натавонистани нақшаи андозро шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта онҳо натавонистанд 600 миллион сомонии дигарро ба буҷа ворид кунанд.
Ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода, дар соли 2020 ин ниҳод натавонист 2,3% андозҳо ва дигарро пардохтҳоро ҷамъоварӣ кунад. Ба назари раиси Кумита, ин асосан аз ҳисоби кам шудани даромади ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ будааст.
"Қарз аз андоз дар соли 2020 330 миллион зиёд шуда ва 884 млн сомони ($75 млн) расидаасӣ, - гуфт Давлатзода. - Шумораи умумии қарздорон 35 ҳазор аст".
Давлатзода қарздорони бузурги андозро гуфт, ки дар миёни онҳо «Таҷиктелеком» (86 млн сомонӣ), НБО "Роғун" (67 млн сомонӣ), Ширкати алюминийи тоҷик - Талко (38 млн сомонӣ), Сангтӯда – 1 (36 млн сомонӣ), Фурудгоҳи Душанбе (31 млн сомонӣ), «Талко Ресурс» (17 млн сомонӣ) ва «Алюминсохтмон» (16 млн сомонӣ).
Раиси Кумитаи андоз гуфт, ки маблағи умумии қарзҳои ширкатҳои зикршуда 291 млн сомониро ташкил мекунад, ки ба 33% маҷмуъи умумии қарзҳо аз андоз баробар аст.
Ӯ зиёд шудани қарзи ширкатҳои бузургтарин кишварро ба вазъияти ҷории кишвар, ки бар асари ҳамагирии коронавирус ба амал омадааст, марбут донист.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста