Вазири энеретикаи Эрон Ризо Ардакониён имрӯз ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эрон ба Душанбе омад.
Дар бораи таърихи баргузории ҷаласа чизе гуфта нашуда, лекин тавре ИРНА хабар медиҳад, дар доираи ин сафар Ризо Ардакониён ҳамчунин бо ҳамтои тоҷики худ Далер Ҷумъа дидору гуфтушунид мекунад.
Ҳамчунин ҷиҳати баррасии масоили рушди ҳамкории иқтисодӣ байни кишварҳо ӯ бо дигар шахсони расмии кишвар низ мулоқот хоҳад кард.
Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон моҳи декабри соли 2019 дар Теҳрон доир гардида буд.
Он замон ҷонибҳо роҳу воситаҳои рушд ва густариши ҳамкориҳоро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, илму маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, хоҷагии об ва энергетика, телевизиону радио, нақлиёт ва дигар соҳаҳо баррасӣ карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста