Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишварро барои солҳои 2021-2025 тасдиқ кард.
Қарор дар ин бора дар Портали ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст. Ба сохторҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла мақомоти маҳаллӣ супориш дода шудааст, ки иҷрои бандҳои нақшаи тасдиқшударо таъмин созанд.
Маълумот дар бораи иҷрои нақша бояд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ пешниҳод карда шаванд.
Нақшаи чорабиниҳо аз 24 банд иборат аст, ки тибқи самтҳо гурӯҳбандӣ шудааст:
- ташаккули муносибатҳои институтсионалию ҳуқуқӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ;
- таъсиси низоми муосири робитаи доимӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ;
- баргузории чорабиниҳои иттилоотиву фарҳангӣ барои дастгирии арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва забони тоҷикӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;
- ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар;
- мониторинг ва арзёбии иҷрои нақшаи чорабиниҳо.
Дар доираи нақша, аз ҷумла таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз, портали махсуси интернетӣ ва фонди ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст.
Ғайр аз ин, таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо бо иштироки муҳоҷирони тоҷик, ҷалби сармояи муҳоҷирон ба иқтисоди ҷумҳурӣ, мунтазам бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани шахсони фаъол дар ин самт ва ғайра дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки дар мавриди шумори муҳоҷирони корӣ маълумоти расмӣ нашр намешавад. Тибқи маълумоти тасдиқношуда бошад, танҳо дар қаламрави Русия зиёда аз 1 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
Дар бораи маблағи фиристодаи муҳоҷирон низ сохторҳои дахлдор маълумоти дақиқу саҳеҳ пешниҳод намекунанд.
Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирон дар соли 2020 ба андозаи 32,4% кам шуд: аз 2 млрд 576 млн доллар дар соли 2019 то ба 1 млрд 741 млн дар соли 2020.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста