Вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода 30 июн бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон дидору гуфтушунид кард.
Тавре ки шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқт Саъдӣ Каримзода зикр кард, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ дар марҳилаи рушд қарор дошта бошанд ҳам, ҷиҳати тақвияти онҳо манфиати мутақобила, хоҳиши тарафайн ва иқтидори бузург мавҷуд аст.
“Хусусиятҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ дар замони ҳозира, амалӣ намудани барномаю лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо мақсади афзун намудани гардиши савдои маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани иқтидорҳои содиротӣ мебошад”, - иброз дошт ӯ.
Валид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон доир ба содироти молу маҳсулоти соҳаи кишоварзи Тоҷикистон аз қабили сабзавот, меваҳои тару хушк ва чорво, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд ҳавасмандии хешро иброз намуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар рӯзҳои наздик Созишнома ва Ёддошти тафоҳум байни Вазоратҳои кишоварзии давлатҳо доир ба ҳамкориҳо барои ташкил намудани корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили корхонаҳои истеҳсоли шарбати мева ва хушконидани мева бо мақсади содироти минбаъда ба Арабистони Саудӣ ё ба давлати сеюм, ҷалби сармояи бахши хусусии Арабистони Саудӣ ташкил намудани гармхонаҳо, анбор ва сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот бо назардошти содирот ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, тақвият додани ҳамкориҳо дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва содироти минбаъдаи асал ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҳамкорӣ оид ба ҷалби сармоягузории мустақими Арабистони Саудӣ дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионии афзалиятнок ба имзо расонанд.
Зимнан зикр мешавад, ки Арабистони Саудӣ яке аз аввалин кишварҳое мебошад, ки истиқлолияти Тоҷикистонро 11 январи 1992 ба расмият шинохт ва робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ 22 феврали 1992 барқарор гардиданд.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста