Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз истеҳсоли рекордии нерӯи барқ дар соли гузашта хабар дод ва гуфт, соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар ҷумуҳурӣ 21 млрд 399,5 млн кВт соатро ташкил дод, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар низоми энергетикии мамлкат ба ҳисоб меравад.
Ба таври рекорди афзоиш ёфтани истеҳсоли нерӯи барқ дар ҳолест, ки дар поёни соли гузашта аҳолӣ аз “лимит” ё маҳдудияти нерӯи барқ шикоят мекарданд.
Ҳамин тариқ, дар авҷи сардии ҳаво Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ширкати “Барқи тоҷик” дастур дод, ки маҳдудияти барқ дар кишвар пурра бардошта шавад ва худи ҳамон рӯз ин ширкати эълон кард, ки маҳдудияти барқ дар ҷумҳурӣ пурра бардошта шуд.
Вале тақрибан баъди 10 рӯзи дастури Эмомалӣ Раҳмон сокинони манотиқи мухталиф аз мавридҳои зиёди қатъи дубораи нерӯи барқ шикоят карданд.
Мақомот он замон қатъи интиқоли нерӯи барқро ба садамаҳо дар хатҳои барқрасонӣ марбут дониста, гуфта буданд, ки дар рӯзҳои сардӣ ниёз ба нерӯи барқ дар минтақаҳо зиёд шуд ва садамаҳо ҳам афзоиш ёфт.
Далер Ҷумъа имрӯз, 30-юми январ, дар нишасти матбуотӣ афзуд, дар рӯзҳои сард на фақат дар Тоҷикистон, ҳамчунин дар Осиёи Марказӣ мушкили барқ ҷой дошт ва дар ин рӯзҳо низоми энерегетикии кишвар тавонист мардумро пурра бо барқ таъмин кунад.
“Албатта рӯзҳои охир ҳарорати ҳаво баландтар шуда истодааст ва ин моро водор месозад, ки ҳамаи имкониятҳои ҷойдоштаи худро, чӣ аз лиҳози резиши об дар дарёҳои ҷумҳурӣ ва чӣ аз лиҳози иқтидорҳои мавҷуда ба кор барем. Соли гузашта бори аввал дар таърихи кишвар тавлиди барқ беш аз 21,3 млрд кВт соатро ташкил дод. Вале истеъмоли шабонарӯзӣ дар сардиҳо 81, млн кВт соатро ташкил дод, ки ин нишондодҳои баландтарин дар 10 солаи охир аст”, - гуфт Далер Ҷумъа.
Далер Ҷумъа дар шарҳи қатъи интиқоли барқ садамаҳоро ҳам зикр кард, вале нагуфт, ки дар рӯзҳои сардӣ дар кишвар чӣ қадар садамаҳо сабт шудааст.
"Минбаъд ҳавои сард пешбинӣ мешавад ва мо чораҳо андешида истодаем, ки чӣ бояд кард, то мисли гузашта мардумро дар рӯзҳои сардӣ бо барқ таъмин намоем",-афзуд вазири энергетика.
Номбурда афзуд, ҷамъоварии маблағи барқ аз аҳолӣ дар соли гузашта 1 млрд 259 млн сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблаги 107 млн зиёд мебошад.
“Ҷамъоварии маблағи барқи истифодагардида дар бозори дохилӣ дар соли гузашта 3 млрд 244 млн сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2021 ба маблағи 130,4 млн сомонӣ зиёд мебошад”-гуфт вай.
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста