Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6 сентябр дар Қасри миллат мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармсро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид.
“Муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои мо дар заминаи принсипҳои эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва робитаҳои барои тарафайн судманд асос ёфтаанд”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳиро барои ҳарду ҷониб судманд арзёбӣ карданд.
Ҳамчунин, соҳаҳои саноати сабуку нассоҷӣ, хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои нодир, мошинсозӣ, кимиё, фарматсевтика ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуданд.
Роҳандозии ҳамкориҳои муассир дар самти ҷалби ҳарчи бештари сармояи олмонӣ, навовариҳо ва воридоти технологияи нав аз Олмон ба соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо рушди ҳамкории байнидавлатиро дар қолаби “Шарикии сармоягузории Тоҷикистону Олмон” мувофиқи мақсад шуморида, изҳори имтинон карданд, ки Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Олмон, ки чанде пеш (5 сентябр) дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба ин раванд мусоидати муассир хоҳад кард.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Олмон 93,9 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 млн доллар ё худ 2,1 баробар зиёдтар аст.