“Бонк Фридом Финанс Қазоқистон”, як бонки бонуфузи байналмилалӣ хостори боз кардани филиали худ дар Тоҷикистон шудааст. Намояндагони ин ташкилоти молиявӣ бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон мулоқот карда, ин ҳадафи худро ошкор кардаанд. Коршиносон мегӯяд, ба бозори молиявии кишвар ворид шудани боз як бонки хориҷӣ паёмади хуб дорад, вале “муносибат бо сармоягузорони хориҷӣ бояд тағйир ёбад”.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад, ки ифтитоҳи бонки фаръӣ ё филиали бонки “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон” рӯзи 20-уми сентябр дар мулоқоти Ҳоким Холиқзода, раиси БМТ ва Айдос Ҷумагулов, роҳбари бонки “Фридом Финанс Қазоқистон” мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Айдос Ҷумагулов дар ин дидор барои кушодани бонки фаръӣ ё филиали бонки “Фридом Финанс” дар қаламрави Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ кардааст.

Раиси БМТ гуфтааст, қонунгузории Тоҷикистон дар самти бонкдорӣ барои таъсиси бонкҳои хориҷӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо шароити мусоид фароҳам овардааст.

“Бонки миллии Тоҷикистон иқдоми Ҷамъияти саҳомии “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон”-ро барои кушодани бонки фаръӣ ё филиал дар Тоҷикистон, ки ҷиҳати ҷалби сармояи Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон мусоидат менамояд, хуш истиқбол карда, онро дар доираи қонунгузории ҷорӣ баррасӣ менамояд”, - афзудааст Холиқзода.

Аммо ҳоло маълум нест, ки филиали ин бонк кай боз хоҳад шуд.

Бояд гуфт, “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон” ҷузъе аз ширкати бузурги байналмилалии холдингии “Freedom Holding Corp” мебошад, ки дар иёлоти Невада (ИМА) ба қайд гирифта шудааст. Он ба фаъолияти брокерӣ, бонкӣ, дилерӣ ва депозитарӣ машғул буда, хадамоти идоракунии коғазҳои қиматнокро пешниҳод мекунад.

Акс аз сомонаи БМТ

Бурду бохти бонки хориҷӣ дар Тоҷикистон

Коршиносон паёмадҳои ифтитоҳи бонки фаръӣ ё филиали бонки “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон”-ро барои кишвар мусбат арзёбӣ мекунад.

Дилшод Шараф, коршиноси бахши бонкдорӣ мегӯяд, боз шудани намояндагии бонки хориҷӣ дар кишвар, албатта, хуб аст, зеро рақобат дар бозор бесёртар мегардад ва ин ба беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ мусоидат мекунад. Аммо барои дар Тоҷикистон боқӣ мондани сармоягузори хориҷӣ ва фаъолияти устувор кардани он, муносибат бо ӯ бояд тағйир ёбад.

“Бонк Фридом Финанс Қазоқистон” ҷузъе аз як ташкилоти дар сатҳи байналмиллалӣ бонуфузи амрикоӣ буда, дар фаъолияташ таҷрибаҳои беҳтарини ҳозиразамонро истофода  мебарад. Иштироки чунин ташкилот дар бозори бонкдории Тоҷикистон ба ворид шудани таҷрибаҳои хубу ҳозиразамони ҷаҳонӣ мусоидат мекунад”, - иброз медорад ӯ.

Ба андешаи ин коршинос, роҳ ёфтан ба бозори Тоҷикистон кори душвор нест, аммо муваффақ шудан дар он мушкил аст, зеро “гаронии меъёрҳои андоз, теъдоди беҳисоби мақомоти санҷишӣ ва санҷишҳову тафтишоти зиёд ба он оварда мерасонданд, ки бисёр ширкату ташкилотҳои хориҷӣ тарки Тоҷикистон кунанд”.

Дар ҳамин ҳол, ин коршинос мегӯяд, минбаъд тақдири бонки дигари қазоқистонӣ - “Halyk Bank”, ки соли 2008 дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз карда, қариб 15 сол иштирокчии фаъоли низоми бонкдории кишвар буд, аммо ахиран ба кори худ дар Тоҷикистон хотима дод, набояд такрор шавад.

Ба қавли як коршиноси аз қазия “Halyk Bank” огоҳ яке аз сабабҳои аслии фурӯши бонк “санҷишҳои зиёди танзимгари соҳа” будааст.

Дилшод Шараф бо ишора ба ин нукта мегӯяд, агар намояндагони мақомоти дахлдор муносибатро бо сармоягузорони хориҷӣ тағйир надиҳанд, сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон” дар Тоҷикистон барои давомдор боқӣ нахоҳанд монд.

“Сармоягузор ба ин ё он давлат барои пулкоркунӣ ворид мешавад ва вақте ба ин ҳадаф ноил нагардад ва шароит номусоид гардад, албатта, сармояашро гирифта меравад”, - афзуд Дилшод Шараф.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.