Дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳое паҳн мешаванд, ки муаллифони онҳо камбуди шадиди нерӯи барқ ​​дар Тоҷикистонро ба идоракунии шабакаҳои тақсимоти барқи кишвар аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ рабт медиҳанд. Ин воқеият дорад? Биёед инро мавриди таҳлил қарор диҳем.

Чаро тақсимотро хориҷиён идора мекунанд?

Идоракунии беруна ба шабакаҳои тақсимоти барқи Тоҷикистон аз оғози соли 2021 оғоз шуд. Номзадҳо дар озмуни байнулмилалӣ, ки қаблан аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об эълон гардида буд, интихоб шуданд.

Он замон ҷалби мудирон (идоракунандагон ё менеҷерҳо)-и берунаро дар Вазорати энергетика - таъсиси як корхонаи шаффофу устувори энергетикӣ тавассути ташкили фаъолияти самараноки молиявию амалиётӣ шарҳ дода буданд.

Идоракунандаи беруна аз ҷумла уҳдадор шуда буд, ки дар корхона методҳои байнулмилалии эътирофшудаи идоракунӣ, сиёсат ва низомҳои иттилоотиро ҷорӣ месозад.

Ҳамчунин ӯ ваъда дода буд, ки низоми самараноки ҳифзи даромадҳо ва коҳиши талафотро роҳандозӣ намуда, инчунин идоракунӣ ба захираҳои инсонӣ ва имконотро беҳтар мекунад.

Пеш аз ин ҷараёни ислоҳот дар бахши энергетикӣ амалӣ шуд, ки дар натиҷа энергохолдинги “Барқи тоҷик” ба се ширкати мустақил ҷудо карда шуд.

Минбаъд ҶСК “Барқи тоҷик” ба истеҳсоли неруи барқ, ҶСК “Шабакаи интиқоли барқ” - ба интиқоли барқ ва ҶСК “Шабакаи тақсимоти барқ” - ба тақсими он машғул мешаванд.

Бастаи пурраи саҳмияҳои се ширкат ба ҳукумати ҷумҳурӣ тааллуқ дошта, ҷалби мутахаасисони соҳибтаҷрибаи байнулмилалӣ барои идоракунии шабакаҳои тақсимот бо ташаббуси ҳукумат сурат гирифт.

Тақсимкун ба камбуди барқ муносибат дорад?

Худи ба миён гузоштани масъала бо назардошти хусусиятҳои бозори электроэнергетикӣ гувоҳи он аст, ки не, ба ҳеҷ ваҷҳ.

Камбуди шадиди барқро дар ҷумҳурӣ ҳам шахсони расмӣ ва ҳам мутахассисони мустақил ба маҳдуд будани захираҳои об дар НБО “Норак”, ки зиёда аз нисфи истеҳсоли барқ ба он рост меояд, нисбат медиҳанд.

Гап сари он аст, ки дар ҷумҳурӣ ба мисли аксари кишварҳои ҷаҳон низомҳои ҷамъкунӣ ва захираи неруи барқ - батареяҳои ғизодеҳ (аккумуляторҳо)-и иқтидори баланд ё дастгоҳҳои ҷамъкунии барқ бо ёрии ҳаво вуҷуд надоранд.

Карикатура аз торнамои yarnovosti.com

Ба сохтану харидорӣ ва истифодаи чунин дастгоҳҳо танҳо чанде аз кишварҳои аз лиҳози техникӣ пешрафта ва давлатҳои бойу доро имкон доранд, зеро онҳо маблағи калон талаб мекунанд.

Чунин аккумулятори бештар пуриқтидор (100 МВт) моҳи сентябри соли 2022 дар неругоҳи барқии Далян дар Чин насб шуд.

Бо назардошти истифодаи ҳамарӯзаи барқ ба ҳисоби миёна дар Чин, неругоҳ метавонад талаботи ҳаррӯзаи 200 ҳазор нафарро ба барқ таъмин кунад. Он сарборӣ ба таъмин бо барқро дар давраҳои авҷи истифода коҳиш дода, эътимоднокии таъмин бо барқро дар минтақаи Далян баланд мебардорад.

Шабакаи тақисмот дар Тоҷикистон барқро аз истеҳсолкунанда тавассути ширкати интиқолдиҳанда мегирад, ки ба таври автоматӣ аз ҷониби хадамоти диспетчерӣ ба истифодабарандагон медиҳад.

Тақсимкунанда ба таври доимӣ бояд тавозун байни истеҳсол ва истифодаи неруи барқро назорат кунад.

Ҳангоми зиёд будани истеҳсол аз талабот, истеҳсолкунанда бояд ҳаҷмро кам кунад ва ҳангоми камбуди барқ - бояд интиқолро ба як қисмати истифодабарандагон аз шабака қатъ намояд, то ки аз сарборӣ пешгирӣ карда шавад. Ин сарбориҳо метавонанд ба садама оварда расонанд, ба монанди ҳолате, ки 1 марти соли равон дар Тоҷикистон ба миён омада буд.

Маълумотномаи «Азия-Плюс»:

ҶСК «Шабакаи тақсимоти барқ” бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019 таъсис дода шуд.

Ҳадафҳои асосӣ ва самти фаъолияти ин ширкат иборатанд аз:

– амалисозии кори самаранок ва боэътимоди иншооти комплекси шабакаи тақсимоти барқ;

– таъмини боэътимод ва босифати барқ ба истифодабарандагон;

– таъмини коршоямӣ ва дурустии таҷҳизоти шабакаҳои барқ;

– таъмини устувори истеъмолгарон бо барқ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пайваст шудан ба шабакаҳои барқ;

– таъмини ҷамъоварии саривақтии маблағи истифодаи барқ, назорати таъмини ҳамаи гурӯҳҳои истеъмолгарон бо барқ ва назорати доимӣ аз болои ҳолати техникии таҷҳизоти барқӣ;

– роҳандозии фаъолият дар самти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосӣ дар шабакаҳои барқӣ.

Ба сохтори Ҷамъият 7 филиал шомил буда, онҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Гулистон, Истаравшан, Бохтар ва Кӯлоб, инчунин дар Ноҳияи тобеи марказ ҷойгиранд.

Аввалин директори генералии ҶСК “Шабакаи тақсимоти барқ” шаҳрванди Тоҷикистон Умедҷон Билолзода таъин шуда буд. Аввали соли 2021 ӯро шаҳрванди Булғористон Стефан Апостолов иваз кард. Айни замон директори генералии Ҷамъият Арвиндер Гуҷрал аст. Директорони департаментҳо низ шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.