Соли 2023 табақа ё синфи миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон 42%-ро ташкил дод. Дар айни ҳол ин охирин омори синфи миёна дар кишвар ба ҳисоб меравад. Дар асоси Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ин рақам бояд ба 50% расонида шавад.
Дар ин бора имрӯз Умед Холов, як масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар маҳфили иқтисодии “Тавозун”, ки ба арзёбии дастовардҳо ва қадамҳои ояндаи синфи миёна бахшида мешуд, иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки синфи миёна назар ба соли 2021 12% афзудааст. Чаҳор сол пеш табақаи миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон 30% буд. Ба таъкиди вай, афзоиши бештар дар шаҳрҳо, хусусан дар Душанбе дида шуда, аз 36% то 54% афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи ӯ, сабаби афзоиши синфи миёна дар кишвар, афзоиши шуғл, дастрасӣ ба таҳсилот ва рушди соҳибкорӣ мебошад.
Вай дар ҳузури коршиносон ва рӯзноманигорон гуфт, табақаи миёнаи аҳолӣ аз рӯйи меъёрҳои муайян, аз ҷумла, доштани маълумоти иқтисодӣ, ҳаҷми истеъмол, доштани манзил, мошин, пасандоз, баланд будани сатҳи таҳсилот, шуғли устувор, маоши миёна ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати иҷтимоӣ маълум крада мешавад.
Холов гуфт, 18-ум феврали соли 2025 методологияи нав оид ба тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки дар он талаботҳо оид ба рашди синфи миёна мушаххас дарҷ шудааст.
“Табақаи миёна ҳамчун муҳаррики рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аст, ки рушди ин қишр ба суботи иҷтимоӣ ва иқтисоди устувор мусоидат мекунад. Афзоиши табақаи миёна яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон то 2030 мебошад, -гуфт ин масъули Вазораи рушди иқтисод.
То 42% ҳамчун синфи миёна ҳисоб шудани аҳолии Тоҷикистон дар ҳолест, ки аксар аз бекориву нодорӣ ва даромади даркорӣ надоштан шикоят мекунанд. Ҳамчунин, ҳисаи камбизоатӣ дар кишвар 21% гуфта мешавад.
Аз ҷумла, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, директори Агентии омори назди президенти Тоҷикистон гуфта буд, дар Тоҷикистон атрофи 2 миллион нафар камбизоат дониста мешавад.
Ин ниҳод мизони коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистонро давоми даҳсолаи охир чунин гуфта буд:

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоат кӯмакпулӣ дода мешавад ва ҳаҷми солонаи кумакпулӣ ба ҳар як оилаи камбизоат дар соли 2025 792 сомониро ташкил медиҳад.
Дар бораи он ки кадом оилаҳо камбизоат дониста мешаванд ва равиши муайян кардани камбизоатӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст, дар ин матлаби "Азия-Плюс" мутолиа кунед.



Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста