Аллакай, қариб 20 сол инҷониб ронандагони автомашинаҳо аз Душанбе ба шимоли кишвар ва баръакс тариқи нақби “Истиқлол” равуо мекунанд, ки он то ҳол бо низоми ҳавософкун (вентилятсия) ва дастгоҳҳои рӯшноидиҳанда ба таври кофӣ муҷаҳҳаз нест.

Саволе ба миён меояд, ки билохира кай ин нақб ба меъёрҳое, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ барои чунин иншооти роҳ истифода мешаванд, мутобиқ карда мешавад?

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ин робита гуфтанд, ки анҷоми пурраи сохтмони нақби “Истиқлол” ба Эрон вобаста буда, ин ҷо сари норасоии 2,16 млн доллар сухан меравад ва ин кишвар уҳдадор шуда буд, ки онро дар доираи лоиҳа ҷудо мекунад.

“Агар маблағ ҷудо нашавад, лозим меояд, ки барои анҷоми корҳои боқмонда манбаъҳои дигари маблағгузориро ҷустуҷӯ кунем”, - гуфтанд дар вазорат.

Зери мафҳуми корҳои боқимонда дар ин ниҳод насби низоми оташнишонӣ, инчунин яктогӣ генератори дизелӣ, трансформатор ва борбардори гидравликиро дар назар доранд.

Рӯшноӣ дар нақб хеле паст буда, низоми ҳавософкун қариб ки кор намекунад
Сурат: Asia-Plus

 

Дар Вазорати нақлиёт шарҳ доданд, ки мувофиқи қарордоди имзошуда бо Эрон дар соли 2020, ҳукумати Тоҷикистон барои анҷоми корҳои сохтмони нақб ба ҷудо кардани маблағ аз буҷет уҳдадор шуда, вале бар асари хуруҷи пандемияи "COVID-19" ба мушкилоти молиявӣ дучор шуд.

“Бо ин сабаб татбиқи лоиҳа аз соли 2020 ба соли 2021 гузаронида шуда, муҳлати анҷоми лоиҳа як сол дертар - соли 2023 муқаррар шуд”, - хабар доданд дар вазорат.
Сурат: Asia-Plus

 

Баъдан муҳлати амалисозии лоиҳа боз бар асари аз ҷониби Эрон пурра иҷро нагардидани уҳдадориҳои молиявии худ, дароз карда шуд. Эрон инро ба надоштани имкон шарҳ дод. Ин ҷо сари 2,16 млн доллар сухан меравад, ки Эрон мебоист дар доираи қарордод ҷудо кунад.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи идомаи сохтмони нақби “Истиқлол” ҷудо гардидани 11 млн доллар - 5,5 млн долларӣ аз ҳарду ҷониб пешбинӣ шуда буд. То ҳозир аз ин миқдор 8,8 млн доллар ҷудо шудааст. Аз ҷумла ҳукумати Тоҷикистон 5,46 млн доллар (99,3% аз ҳиссаи худ) ва Эрон - 3,34 млн доллар (60,7% аз ҳиссаи худ) ҷудо кардаанд.

1/3

 

Дар Вазорат зикр карданд, ки дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа низоми рӯшноидиҳӣ, ҳавософкун, мониторингӣ камералӣ, инчунин қисман низоми оташнишонӣ ба истифода дода шудаанд. Ҳамчунин дигар корҳои иловагӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти ёрирасон ба иҷро расидаанд.

Дар ин ниҳод гуфтанд, ки айни замон ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёти автомобилӣ тариқи нақби “Истиқлол” таъмин карда шудааст.

 

19 сол сипарӣ шуд...  

Сохтмони нақби мошингарди “Истиқлол” соли 2003 дар чаҳорчӯби созишномаи дахлдор миёни Тоҷикистону Эрон оғоз гардида буд. Дар аввал ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор $10 млн. маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, $7,8 млн. – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва $21,2 млн. – қарзи ҷониби Эрон буд.

Маросими расмии ба истифода додани нақби “Истиқлол” соли 2006 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон  ва Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти вақти Эрон баргузор шуд. Вале аз сабаби хатои лоиҳакашон аз дохили нақб об ҷорӣ мешуд.

Моҳи апрели соли 2014 корҳои бозсозии нақби “Истиқлол” дубора шурӯъ гардида, вале аз сабаби қатъи маблағгузорӣ он боздошта шуд. Ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон дар бораи маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 6 млн доллар - 3 млн долларӣ аз ҳарду ҷониб барои анҷоми пурраи иншоот ба мувофиқа расиданд.

Аммо соли 2016 бар асари ба сардӣ гароидани муносибатҳо байни кишварҳо, амалисозии ин ниятҳо ба дарозо кашида шуда, танҳо дар соли 2019 корҳо боз аз сар гирифта шуданд.

Нақби “Истиқлол” дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби “Истиқлол” 5,2 километр аст. Ба корҳои анҷоми пурраи сохтмони иншоот ширкатҳои эронии “Собир” ва “Фароб” машғуланд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.