Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, барои татбиқи ҳадафҳои миллӣ дар самти таъмини ғизо то соли 2030 ба Тоҷикистон тақрибан 15,2 млрд сомонӣ (1,4 млрд доллар) сармоягузорӣ лозим аст. Ба ҳисоби коршиносон, ҳар як сомонии сармоягузоришуда метавонад то 6,9 сомонӣ фоида оварад, дар ҳоле ки беамалӣ метавонад зиёда аз 4,6 млрд сомонӣ ба талафот биёрад.

Ин рақамҳо дар конфронси “Беҳбуди ғизо ба воситаи ҷалби сармоягузорӣ ҷиҳати бунёди низоми устувори ғизо ва иқлим дар Тоҷикистон”, ки дар доираи Форуми байнулмилалии сармоягузорӣ дар Душанбе доир гардид, садо доданд.

Чорабинӣ бо ташаббуси муштараки Барномаи озуқа ва кишоварзӣ (ФАО), Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ ва Бонки ҷаҳонӣ бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ҳамоҳангсози доимии СММ баргузор шуд.

 

Сармоягузориҳо ба низоми устувории ғизо ва иқлим

Дар ҳамоиш ба масъалаи мутобиқати бахши кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Ба гуфтаи Абдуҷаббор Ҳакимов, намояндаи Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ, равиши "Climate-Smart Agriculture" (CSA) се ҳадафи стратегиро муттаҳид мекунад: баланд бардоштани ҳосилнокӣ, мутобиқат ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ.

Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон аллакай, чунин роҳу воситаҳо аз ҷумла ҷангалпарварӣ дар кишоварзӣ, зироаткории ангорӣ (контурӣ), обёрии қатрагӣ, истифодаи хушккунакҳои офтобӣ ва биомассаро ҷорӣ кардааст. Ин чораҳо на танҳо ҳосилнокиро меафзоянд, балки изи карбонро кам намуда, ба ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат мекунанд.

Тавре ки намояндагони ФАО зикр карданд, технологияҳо ба қисми ҷудонашавандаи низомҳои ғизо табдил меёбанд. Истифодаи технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ, ҳуши маснӯӣ ва пайгирии фосилавӣ, ҳосилнокӣ дар бахши кишоварзиро баланд мебардоранд.

Акс аз намояндагии ФАО дар Тоҷикистон

 

Тамоюлҳои ғизо ва мубориза бо фарбеҳӣ

Бино ба маълумоти СҶТ, солҳои 2016-2023 дар Тоҷикистон афзоиши теъдоди одамон бо вазни зиёдатӣ - аз 46,7% то 50,8% ба мушоҳида расида, сатҳи фарбеҳӣ аз 13,5% то 16,9% зиёд шудааст. Аммо тамоюли мусбат низ ба назар мерасанд: ҳиссаи одамоне, ки сабзавоту мева истеъмол мекунанд, аз 62,7% то 52,2% поин рафта, истеъмоли намак қариб 10 банди фоизӣ кам шудааст.

“Аксарияти шаҳрвандон дар бораи зарари истеъмоли барзиёди намак огаҳанд, лекин барои тағйири рафтор омӯзиши доимӣ лозим аст”, - мегӯяд Адолат Нарзуллоева, намояндаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

СҶТ рушди барномаҳо оид ба истеъмоли намку қанд, ҳавасмандсозии фаъолнокии ҷисмонӣ ва назорати фишор ва қанд дар хунро тавсия медиҳад.

Таҳқиқоте, ки зиёда аз 2,5 ҳазор нафарро фаро гирифт, нишон додааст, ки 74% марг дар кишвар ба бемориҳои дилу раг вобаста аст. 17,1%-и аҳолии калонсол сатҳи баланди қанд дар хунро доранд ва 30,5% аз фишори баланди хун (гипертония) азият мекашанд.

СҶТ дар ҳамдастӣ бо ҳукумат дар пешбурди стратегияи миллии пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ва пайгирии ғизо саҳм мегузорад.
Акс аз Asia-Plus

 

Дастовардҳои Тоҷикистон дар мубориза бо ғизои нокофӣ      

Бино ба маълумоти Барномаи ҷаҳонии озуқа (WFP), давоми солҳои 2023-2024 670 ҳазор нафар аз Тоҷикистон, аз ҷумла 555 ҳазор мактабхон дастгирӣ шуда, бо хӯроки гарми нисфирӯзӣ таъмин карда шуданд. Инчунин 390 гармхона ва низомҳои обёрӣ сохта шуда, 60 ҳазор нафар кумакпулӣ гирифтанд ё ба ивази кор маҳсулот дастрас намуданд.

Дар доираи барномаи "Home-Grown School Feeding" 90 хоҷагиии деҳқонии хурд 2700 кӯдакро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намуда, 26 тонна сабзавоти дар гармхонаҳо парваришёфта, ба мактаб ва оилаҳо дастрас шудаанд.

Нақшаи миллии амал оид ба ғизо (солҳои 2021-2025) аз 95 чорабинӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ иборат аст. Соли 2024 бо дастгирии ЮНИСЕФ 1,3 млн вояи хокаи "SPRINKLS" ва 353 ҳазор вояи оҳан ва кислотаи фолиевӣ барои кӯдакон ва занони ҳомиладор ворид карда шуд.

Бо ҷалби "GAIN International" ва Бонки ҷаҳонӣ Фонди миллии гардиш барои ғизодиҳии орд ва йодкунии намак таъсис дода мешавад. Дар назар аст, ки то соли 2030 100% орди навъи олӣ ва якум бо микронутриент ғизо дода шавад.

“Ғизои устувор бидуни дастгирии ниҳодӣ ғайриимкон аст. Мо бояд талошҳои давлат ва бахши хусусиро муттаҳид созем”, - зикр кард Парвати Рамасвами, ҳамоҳангсози доимии барномаҳои СММ дар Тоҷикистон.

Конфронс бо даъвати муттаҳид сохтани талошҳои ҳукумат, созмонҳои байнулмилалӣ ва бахши хусусӣ баҳри пешурди низомҳои устувори ғизо ба анҷом расид. Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён зарурати афзоши сармоягузорӣ ба ғизо, густариши барномаҳои таъмин бо ғизо дар мактабҳо, ҷорисозии технологияҳои сабз ва роҳу воситаҳои ҳалли рақамӣ, инчунин ба инобат гирифтани нақши занон ва ҷавононро таъкид намуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.