Нархи гази моеъ дар пойтахти Тоҷикистон тайи рӯзҳои ахир бар асари коҳиши воридот ба таври назаррас боло рафт. Мушоҳида мешавад, ки дар бисёре аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС) гази моеъ нест ва дар нуқтаҳое, ки он ҳаст, бо нархи аз 5,8 то 6,5 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Охири ҳафтаи гузашта 1 литр гази моеъ бо нархи 4,2 сомонӣ фурӯхта мешуд. Ба истилоҳи дигар, арзиши он давоми чанд рӯзи ахир аз 38% то қариб 55% боло рафт.
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки коҳиши воридоти гази моеъ дар навбати аввал ба маҳдудиятҳои содироти он аз Қазоқистон вобаста аст.
Қобили зикр аст, ки мувофиқи фармони иҷрокунундаи вазифаи вазири энергетикаи Қазоқистон, ки аз рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 14-уми ноябр ба ҳукми иҷро даромад, содироти гази моеъ тариқи нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан ба муҳлати 6 моҳ манъ шуд.
Ғайр аз ин, коҳиши ҳаҷми воридоти ин навъи сӯзишвориро дар Вазорати энергетикаи Тоҷикистон ба масоили логистикӣ низ марбут медонанд.
Дар Вазорат шарҳ доданд, ки айни замон дар иншооти зерсохтори роҳи оҳани Қазоқистон корҳои таъмир ҷараён дошта, дар ин робита маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд, яъне ҳаракати на бештар аз 30 вагон дар як шабонарӯз.
Дар ҳамин ҳол, дар Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуданд, ки болоравии нарх ба сӯзишворӣ маъмулан бо сабаби камбуди он дар бозор сурат мегирад. Дар Хадамот зикр карданд, ки айни замон ин масъала мавриди таҳлилу омӯзиши мутахассисон қарор дошта, пас аз анҷоми он онҳо шарҳи бештар муфассал медиҳанд.
Нерӯи барқ ба ивази газ?
Бояд гуфт, тайи даҳсолаи ахир гази моеъ ба туфайли нисбатан арзон будан, навъи асосии сӯзишвории автомобилӣ дар кишвар маҳсуб меёбад.
Аввали солҳои 2010-ум ронандагони автомашинаҳо дар пасманзари болоравии нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ, тадриҷан ба истифодаи газ гузаштанд.
Аллакай нимаи солҳои 2010-ум тибқи маълумоти расмӣ, зиёда аз 60%-и воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҷумҳурӣ аз гази моеъ истифода мекарданд.
Аммо солҳои охир бахусус дар пойтахт афзоши шумори мошинҳои барқӣ (электромобилҳо) ба мушоҳида мерасад. Ин ба он оварда расонид, ки талабот ба навъҳои маъмули сӯзишворӣ, аз ҷумла гази моеъ кам шавад.
Мувофиқи маълумоти Вазорати нақлиёт, соли 2024 ба Тоҷикистон ҳудуди 28 ҳазор ва танҳо дар зарфи 5 моҳи соли 2025 - қариб 13 ҳазор адад электромобил ворид шудааст.
Шумори умумии мошинҳои барқӣ ё худ электромобилҳо дар кишвар то 1 июни соли 2025 зиёда аз 34 ҳазор ададро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, нимсолаи аввали соли 2025 ба ҷумҳурӣ 176,9 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки 18,5 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст. Зиёда аз 53% аз ин ҳаҷм аз Русия ва ҳудуди 47% - аз Қазоқистон оварда шудааст.
Ба воридоти гази моеъ дар ин давра 15 ширкат машғул шудаанд, ки ҳиссаи нисбатан бештараш ба ин ширкатҳо рост меояд:







Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста