Дар 10 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 302,9 млн доллар чӯбу тахта ворид карда шудааст, ки 11,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (272,2 млн доллар) аст. Ҳамин тариқ, воридоти масолеҳи чӯбу тахта ва маснуоти аз он ба маблағи 30,7 млн доллар зиёд шудааст. Дар ин бора Хадамоти гумруки Тоикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Русия бузургтарин содиркунандаи масолеҳи чӯбу тахта ба Тоҷикистон боқӣ мемонад, ки тақрибан 60–65% ҳаҷми умумии воридотро ташкил медиҳад. Қазоқистон ва Беларус низ аз ин навъи масолеҳ содир мекунанд, аммо ҳиссаи онҳо хеле камтар аст.
Ба иттилои Идораи нозироти ҷангали Русия, Тоҷикистон воридкунандаи асосии масолеҳи чӯбу тахта аз Хакасия боқӣ мемонад.
Ба иттилои ин ниҳод, дар 11 моҳи соли 2025 аз Хакасия ба Тоҷикистон зиёда аз 22,2 ҳазор метри мукааб масолеҳи чӯбу тахтаи сӯзанбарг ворид карда шудааст, ки 92,24% аз ҳаҷми умумии чӯбу тахтаи содиргардида аз ин ҷумҳурии Русияро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда 2,39% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (23,5 ҳазор метри мукааб) мебошад.
Ҳиссаи асосии масолеҳи воридшуда чӯбу тахтаи аррашуда (23,3 ҳазор метри мукааб) мебошад, ки талаботи баланд ба ин маводро дар Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Идораи нозироти ҷангали Русия гуфтааст, ки ҳамаи ҳаҷми чӯбу тахтаи барои Тоҷикистон пешбинигардида аз ташхиси фитосанитарӣ гузашта, ба талаботи карантини кишварҳои воридкунанда ҷавобгӯ мебошад.
Мувофиқи пешгӯиҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар солҳои 2026-2028 афзоиши ҳаҷми воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон идома меёбад.
Соли 2026 ҳаҷми афзоиш ба андозаи 11,3% нисбат ба соли 2025 дар назар аст, ки маблағаш ба 302,9 млн доллар баробар аст. Дар соли 2027 ин нишондиҳанда метавонад боз ба андозаи 3,6% афзуда, ба 499 млн доллар расад. Дар соли 2028 афзоиш дар сатҳи 7,2% идома ёфта, ҳаҷми воридоти чӯбу тахта ҳудуди 507 млн долларро ташкил хоҳад дод.
Ин пешгӯӣ ба рушди сохтмон ва афзоиши рӯзафзуни талабот ба масолеҳи чӯбу тахта вобаста аст. Ҳамчунин, талабот ба масолеҳи сохтмон, талабот ба чӯбу тахтаи хушсифат ва маснуот аз онро зиёд месозад.




