Аз 1 январи соли 2026 меъёри андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) дар Русия аз 20%-и амалкунанда то ба 22% боло меравад. Ба Кодекси андоз вобаста ба ин тағйироти дахлдор ворид карда шуд.
Сабаби асосии ворид намудани тағйироти мазкур маблағгузорӣ ба соҳаи мудофиа ва амнияти давлат унвон шудааст.
Қарори мазкур метавонад на танҳо ба нархҳои дохилӣ дар Русия, балки ба арзиши молу маҳсулоти истеҳсоли Русия дар давлатҳои ин маҳсулотро воридкунанда, аз ҷумла Тоҷикистон таъсир расонад.
ААИ андози калидиест, ки қисми даромади воридот ба буҷети федералии Русияро таъмин мекунад. Ахиран меъёри он соли 2019 аз 18% то 20% боло бурда шуда буд. Ва то сеомҳаи охири соли 2025 қариб касе дар бораи болоравии меъёри он сухан намегуфт.
Аммо бо назардошти вазъияти сиёсӣ дар ҷаҳон ва хароҷоти рӯзафзуни буҷет, Вазорати молия пешниҳод намуд, ки аз 1 январи соли 2026 меъёри асосӣ якбора то 2 банди фоизӣ зиёд карда шавад.
ААИ чист?
ААИ андозест, ки на аз ҳамаи даромади ширкат, балки аз қисмати арзише, ки он ба маҳсулот “илова кардааст”, ситонида мешавад.
Он ба таври зерин кор мекунад: то ба харидор расидани мол, он аз занҷираи ташаккули нарх - аз ашёи хом то логистика ва мағоза мегузарад.
Ҳар кадоме аз иштирокчии занҷира - истеҳсолкунанда, интиқолдиҳанда, савдогари чакана нархи иловагии худро ҳисоб карда, аз он ААИ пардохт мекунад.
Ҳарчанд ин андозро расман фурӯшанда пардохт кунад ҳам, амалан он ба нархи ниҳоӣ, ки харидор пардохт мекунад, дохил мешавад.
Аз ин рӯ, болоравии меъёри ААИ чунин маъно дорад, ки молу маҳсулот дар дохили Русия тадриҷан гарон мешаванд.
Ба кадом молу маҳсулот болоравии ААИ дахл намекунад?
Досенти факултаи иқтисоди Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН) Лариса Сорокина мегӯяд, оқибюатҳои болоравии меъёри ААИ ба категорияи молҳои имтиёзнок (ба маҳсулоте, ки меъёри 10% боқӣ мемонад), дахл намекунад ва маҳз ба:
- маҳсулоти хӯрокворӣ (ба истиснои таоми хӯшхӯр ё деликатес): гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, маҳсулоти ширӣ, тухм, шакар, намак, ярма (ғалладона), орд, моҳӣ (ба истиснои навъҳои нодир), маҳсулоти баҳрӣ, маҳслуоти моҳӣ, сабзавоту мева, нон ва маснуоти макарон;
- молу маҳсулот барои кӯдакон;
- нашриёти даврии чопӣ;
- маҳсулоти тиббӣ (номгӯйи муайян).
Нарх ба дигар молу навъҳои хидматрасонӣ чӣ гуна тағйир меёбад?
Лариса Сорокина зикр мекунад, ки болоравии меъёри ААИ аз 20% то 22% ин расман 2% афзоиши андоз аст.
Мутаносибан арзиши ниҳоии молу маҳсулот ва хидматрасониҳо ба андозаи ҳамон 2% боло меравад.
Ноиби президенти Иттиҳодияи содиркунандагон ва воридкунандагони Рсуия, шарики иҷроияи ЮК “Лекс Алянс” Артур Леер изҳор доштааст, ки болоравии ААИ ногузир ба болоравии начандон зиёди нархҳо оварда мерасонад, лекин пешгӯйӣ мешавад, ки он дар ҳудуди долони муқарраршудаи таваррум боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи ӯ, сиёсати шадиди пуливу қарзии Бонки марказӣ ба коҳиши чунин натиҷаҳо имкон дода, аллакай чанде пеш самаранокии худро нишон дод.
“Гароншавии молу маҳсулот ба гумони ғолиб, якбора ва оммавӣ намешавад. Сарборӣ баробар тақсим шуда, истеъмолгарон онро дар шакли муътадил бидуни ҷаҳишҳои сахти нархҳо ба маҳсулоти ниёзи аввалия эҳсос мекунанд”, - гуфтааст ҳамсуҳбати NEWS.ru.
Ба ақидаи дотсенти Донишгоҳи иқтисодии Русия (РЭУ) Вадим Ковригин, барои корхонаҳо бо фоидаоварии паст бештар мушкил мешавад, зеро онҳо андозҳои навро на он қадр хуб қабул мекунанд. "Бинобар ин, нархҳо аз ҳама зиёдтар дар соҳаи сохтмон, савдои чакана, маҳсулоти истифодаи васеъ ва ҳамаи категорияи нархҳо дар бахши хидматрасонӣ боло мераванд”, - иброз доштааст ӯ.

Тибқи арзёбии Антон Свириденко, директори иҷроияи Пажуҳишгоҳи иқтисоди рушди ба номи Столипин, болоравии меъёри ААИ аз 20% то 22% ба афзоиши тавррум ба андозаи 1,5% оварда мерасонад, аз ҷумла бо сабаби поинравии ҳудуди даромад, ки пас аз зиёдшавии он тиҷорат ба пардохти ин андоз уҳдадор мешавад. Гузашта аз ин, пеш аз болоравии меъёри ААИ маъмулан авҷи фурӯши маҳсулоти истифодаи дарозмуҳлат ба мушоҳида мерасад.
“Дар натиҷа аллакай охири сол метавонад ҷаҳиши нархи онҳо оғоз гардад”, - хулоса кардааст иқтисодчӣ.
Чӣ гуна болоравии ААИ метавонад ба молу маҳсулоти содиршаванда таъсир расонад?
Дар Русия аз содирот бо меъёри 0,5% ААИ ситонида мешавад. Яъне аз маҳсулоти истеҳсоли Русия, ки ба хориҷа фиристода мешаванд, мустақиман ААИ ситонида намешавад.
Аммо болоравии андоз дар дохили кишвар арзиши ашёи хом, хидматрасониҳои дохилӣ, хароҷот ба нақлиёт ва арзиши аслии умумии истеҳсолро боло мебарад.
Аз ин рӯ, ҳатто дар сурати ба сифр баробар будани ААИ, нархи содиротии бисёр маҳсулот боло меравад. Ин дар навбати аввал ба молу маҳсулоти гурӯҳҳое дахл дорад, ки ба знаҷираҳои истеҳсолӣ дар Русия вобастаанд.
Барои кишварҳои воридкунанда ин чунин маъно дорад, ки нархҳо ба маҳсулоти аз Русия воридшаванджа вобаста ба соҳа эҳтимол якчанд фоиз боло раванд.
Тоҷикистон аз Русия чӣ гуна молу маҳсулот ворид мекунад?
Русия яке аз содиркунандагони асосии молу маҳсулот ба Тоҷикистон ба шумор меравад.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҶТ, ҳиссаи Русия дар ҳаҷми умумии воридот ба Тоҷикистон дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 27%-ро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин нишондиҳанда аз Русия танҳо Чин (зиёда аз 30%-и воридот) дар сафи пештар қарор дорад.
Маҳз дар ҳамин категорияҳо ба эҳтимоли зиёд метавон тағйирёбии нархҳоро интизорӣ дошт, агар истеҳсолкунандагони Русия ба инобат гирифтани афзоиши хароҷоти дохилӣ оғоз кунанд.
Дар Telegram, Facebook ва Instagram бо мо бимонед.






