Қӯрғонтеппа. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» -
C
уғдиён барои сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросон даҳ манзили зист бунёд мекунанд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Султон Раҳимов иттилоъ дод, мувофиқи фармоиши сарвари давлат, ҳамаи муассисаҳои давлатии кишвар ӯҳдадор гардиданд, ки то моҳи ноябр барои оилаҳои осебдидаи ноҳияи Хуросон манзили зист созанд. «Вилояти Суғд 10 ва Хатлон 70 манзили зист бунёд хоҳанд кард», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз намояндагони вилояти Суғд ба макони осебдида омада, ба наздикӣ корҳои сохтмониро оғоз мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон Абдусаттор Хушвақтов мегӯяд, ҳамарӯза ба макони офат 200 тонна семент ва дигар масолеҳи сохтмон ворид мегардад. «Дар ҷойҳои бехавф барои оилаҳои осебдида қитъаи замин ҷудо гардид ва пас аз анҷоми корҳои омодагӣ ба сохтмони хонаҳо шурӯъ мекунем», - афзуд А.Хушвақтов.



Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста