Сокини 25-солаи ҷамоати Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Маҳмадтоиб Идиев дар манзили зисти худ даст ба худкушӣ зад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, ӯ бо милтиқи шикории тамғаи «ИЖ»-и қутри 16 мм ба гардани худ тир холӣ кардааст. «Аслиҳа дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қайд гирифта нашудааст», - гуфтанд дар раёсати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, пас аз ба гардани худ тир холӣ кардан, Идиев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. «Мақомоти додситонии маҳаллӣ дар пайи муайян кардани сабабҳои ба ин амал даст задани марҳум буда, корҳои тафтишотӣ оид ба ин ҳодиса идома доранд», - афзуд манбаъ.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 7 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 141 ҳодисаи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон (дар ҳамин давраи соли 2010 – 207 ҳодиса) сабт шудааст.