Дар натиҷаи сар задани сӯхтор дар корхонаи коркарди нахи пахтаи мутааллиқ ба  сиёсатмадор ва рӯҳонии маъруфи тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода маҳсулоти зиёди тайёр нобуд карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи Тӯраҷонзода хабар дод, сӯхтор дар анбори маҳсулоти тайёри ҶСК «Пахта» тахминан соатҳои сеи шаб сар зада, он танҳо соати ҳафти субҳ хомӯш карда шудааст.

Ба андешаи молики корхона, сӯхтор аз барқасдона оташ задан ба амал омадааст. «Ба кипҳои пахта бензин пошидаанд. «Мо далели шайъӣ – сарпӯши шишаи пластикиро дарёфт кардем, ки аз он бӯйи бензин меомад», - гуфт Тӯраҷонзода.

Номбурда афзуд, бар асари сӯхтор ҳудуди 500 адад кипи нахи пахта нобуд шудааст.