Бар асари як садамаи нақлиёт дар минтақаи ҷануби кишвар 4 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҳалок ва 7 тан ҷароҳат бардоштанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар километри 64-уми роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа, дар қаламрави ноҳияи Хуросон ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» А.Х.-и 26-сола бо автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи М. М.-и 19-сола дар як саф карор гирифта, аз ӯ гузаштанӣ мешавад, вале автомашинаи «Опел-Астра» ба ин монеъ мегардад, ки дар натиҷа автомашинаҳо ба ҳам бармехӯранд.
«Ба асари зарба автомашинаи «Опел-Астра» ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба чуқурие сарозер меафтад. Ин ҳангом автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Сиело» аз самти муқобили ҳаракат ба автомашинаи дар байни роҳ истодаи «Опел-Вектра» бармехӯрад», - гуфтанд дар ВКД.
Бино ба иттилои манбаъ, ронандагони автомашинаҳои тамғаи «Опел» ва мусофирони автомашинаи «Опел-Астра» - кӯдакони соли таваллуди 2010 ва 2011 дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
«Ду нафар мусофирони автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Сиело» ва панҷ нафар мусофирони автомашинаи «Опел-Астра», аз ҷумла ду нафар кӯдакон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд», - афзуд манбаъ.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста