Нимашаби гузашта дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод. Заминларза соати 00:29 дақиқаи вақти маҳаллӣ эҳсос шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази обуҳавошиносии шаҳри Душанбе хабар доданд, маркази заминларза дар 284 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон воқеъ буд.

Ба иттилои манбаъ, қувваи заминларза дар марказ 3-4 ва дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил додааст.