Дар садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки шоми дирӯз дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дода, бар асари он се нафар ба ҳалокат расидаву боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуданд, ҷияни роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон Амонулло Ҳукумов – Ҳукумов Асрор Нуруллоевичи 21-сола гунаҳкор будааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҷабрдидагон аз ин садама кормандони чойхонаи «Роҳат» буда, маълум аст, ки писари директори чойхона ба ҳалокат расидааст.

«Асрор Ҳукумов осеби ҷиддие надида, танҳо баъзе ҷойи баданаш озору лат хӯрдаанд», - иброз дошт манбаъ.

Дар иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ зикр гардида буд, ки суръати хеле баланди автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами давлатиаш ВМ 20-20 РТ 01 ба ин ҳодиса боис гардидааст.

Ин автомашина ҳангоми ҳаракат аз  кӯчаи Рӯдакӣ ба тарафи кӯчаи И. Сомонӣ, дар чорроҳаи кӯчаи Рӯдакӣ- Шоҳмансур ба муқобили самти ҳаракат мебарояд, ки дар натиҷа ба  автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014  рақами давлатиаш  80-36 ВВ 01, ки аз кӯчаи  Шотемур ба самти кӯчаи Шероз ҳаракат мекард, бармехӯрад

Дар натиҷаи ин бархӯрд,  ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014 ва ду мусофири  дохили он бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун мебардоранд.