Бар асари садами фоҷеабор, ки рӯзи 13-уми октябр дар вилояти Самараи Русия рух дод, як шаҳрванди Тоҷикистон, сокини ноҳияи Қумсангир Аҳкомуддин Худойназарови 43-сола ба ҳалокат расидааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, ронандаи микроавтобуси ба садама дучоршуда низ шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Файзобод Дилшод Сатторови 35-сола будааст, ки ҷароҳат бардошта, ба бемористон мунтақил гардидааст ва айни замон вазъи солимии ӯ қаноатбахш арзёбӣ мешавад.
Қобили зикр аст, ки ҳангоми садама дар дохили микроавтобус 14 нафар мусофирон – ронанда, 11 шаҳрванди Ӯзбекистон, 1 нафар шаҳрванди Озарбойҷон ва 1 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур доштаанд, ки аз шаҳри Нижний Новгород барои убури марзи Русия ба Қазоқистон раҳсипор будаанд. Дар шоҳроҳи М-32-и ин вилояти Русия бар асари бархӯрди микроавтобуси «Toyota» бо нақлиёти боркаши «Mersedes» садамаи фоҷеабор ба вуқӯъ пайваст. Ба ҷуз ронандаи микроавтобус, дигар тамоми мусофирони он ба ҳалокат расиданд.
Гуфта мешавад, муайян кардани шахсияти фавтидагон хеле душвор аст, зеро қисмати зиёди ҷисми онҳо бар асари оташ гирифтани микроавтобус сӯхтааст.
Нақшаи даъвати ҳарбӣ 70% иҷро шуд. “Облава” аз байн рафт?
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста