Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ то ҳанӯз дар мавриди пешниҳоди маълумот дар бораи макони будубоши гунаҳкори садамаи фоҷеабор дар пойтахт, ки бар асари он се нафар ҷон бохтанд, хомӯширо ихтиёр кардааст.
Чанд рӯз қабл дар маркази матбуоти ВКД ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» ваъда дода буданд , ки ояндаи наздик дар ин хусус маълумот пешниҳод хоҳанд кард, аммо то ҳанӯз ҳеҷ маълумоте аз онҳо дастрас нашудааст.
Бо идомаи таваҷҷуҳ ба масъалаи мазкур хабаргузории «Азия-Плюс» ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ муроҷиат кард ва дар ин ҷо оид ба ин қазия иттилоъ доданд, ки дар тавқифгоҳи мувақкқатӣ (СИЗО)-и Вазорати адлия Расули Амонулло ҳузур надорад. «Шояд ӯ дар тавқифгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ қарор дошта бошад, зеро танҳо баъди анҷоми тафтишот ӯро ба ихтиёри мо месупоранд», - гуфтанд дар сарраёсати мазкур.
Дар ҳамин ҳол, ба ҷустуҷӯи гунаҳкори ин садама васоити ахбори умуми дигар низ машғуланд. Хабаргузории TojNews бо истинод ба як сарчашма аз атрофи Р.Амонулло хабар медиҳад, ки ӯ дар Олмон қарор дошта, аммо рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон меояд. Ба гуфтаи яке аз наздикони ин оила, Расул ҳанӯз то рух додани садама билети парвоз ба Олмонро дар даст доштааст.
Рӯзномаи «ИмрӯзNews» бо такя ба як сарчашма аз мақомоти интизомӣ иттилоъ медиҳад, ки Р.Амонулло аллакай боздошт ва дар тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе таҳти назорати кормандони мақомот ва табибон қарор дорад.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки Расул Амонулло аз рӯзи 11-уми октябр таҳти забонхати тарк накардани маҳалли зист қарор дорад.
Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки шоми рӯзи 9-уми октябр дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд.
Нақшаи даъвати ҳарбӣ 70% иҷро шуд. “Облава” аз байн рафт?
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста