Шоми рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда собиқ муовини раиси шаҳри Душанбе Абдулаҳад Оеви 51-сола бар асари садамаи нақлиёт дар километри 47-уми роҳи мошингарди Душанбе Хуҷанд дар қаламрави ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, автомашинаи хизматии Оев, ки ахиран ба ҳайси проректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон фаъолият дошту онро ронанда, сокини 24-солаи пойтахт Умед Бақоев идора мекард, ба дарёи Варзоб чаппа шудааст. Дар натиҷа А.Оев, декани Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Абдуқаҳҳор Турсунови 53-сола ва Облоқул Сангинови 59-сола дар дарё ғарқ шудаанд.

Гуфта мешавад, ронадаи автомашина У.Бақоев ва мусофири дигари он – шаҳрванди 50-солаи Русия, проректори Донишгоҳи давлатии Братск Владимри Кашуба аз дохили дарё сиҳату саломат баромадаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷасади шаҳрвандон Оев А.М. ва Сангинов О.К. аз дарё бароварда шуда, барои дарёфти ҷасади шаҳрванд Турсунов А.А. аз ҷониби ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳияи Варзоб дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Қобили зикр аст, ки тайи чанд соли ахир А.Оев ба ҳайси муовини раиси шаҳри Душанеб ифоаи вазифа намуда, ба масъалаҳои нақлиёт ва коммуникатсия дар мақомоти шаҳрдории пойтахт масъул буд, вале ахири соли гузашта ба истеъфо рафта буд.