Соати 08:59 дақиқаи субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи 4-балла ба қайд гирифта шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти геофизикии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, маркази заминларза дар 256 километрии ҷанубу шарқи Душанбе, дар қаламрави Афғонистон муқаррар шудааст.

Ба иттилои манбаъ, қувваи заминларза дар маркази он 5 балл, шаҳри Душанбе – 4 балл ва шаҳри Хоруғ – 2 баллро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки ситодҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо реҷаи пурзӯри адои хизмат фаъолият доранд. То ин дам Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар бораи харобиҳову талафоти ҷонӣ маълумот надодааст.