Аз садама дар метрои шаҳри Маскав 4 нафар шаҳрванди Тоҷикистон осеб диданд. Вазъи солимии ду нафари онҳо – Мӯминшо Муносибшоев ва Наимҷон Мавлонов хеле вазнин арзёбӣ шуда, онҳо дар шуъбаҳои эҳёгарии бемористонҳои №64 ва №7-и шаҳри Маскав қарор доранд.
Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, ҳамчунин сокини 37-солаи шаҳри Душанбе Зафарбек Сайфуллоев аз китфи чапаш ҷароҳат бардошта, ба бемористони №31 мунтақил шудааст. Вазъи солимии ӯро табибон қаноатбахш арзёбӣ кардаанд. Вазъи солимии боз як тоҷикистонӣ – Далер Қурбонов, ки дар бемористони №36-и шаҳр бистарӣ аст, низ қаноатбахш мебошад.
Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 15-уми июл дар метрои шаҳри Маскав садама рух дода, тибқи маълумоти ахир, бар асари он 21 тан ҳалок ва 160 нафар осеб дидананд, ки вазъи солимии 42 нафарашон вазнин арзёбӣ мешавад. Имрӯз дар Маскав ба мносибати ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи мотам эълон мешавад.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста