Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ алҳол ба харидории нақлиёти ҳавоии худӣ манфиатдор нест.

Зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе раиси Кумита Хайриддин Абдураҳимов дар ин робита изҳор намуд, ки мудом дар ҳолати коршоям нигаҳдориву истифодаи ҳатто як чархбол маблағҳои зиёди пулиро тақозо мекунад, ки алҳол буҷети Кумита ба он имкон надорад.

«Шахсан ман мукобили харидории воситаи нақлиёти ҳавоӣ мебошам. Танҳо барои як чархбол барои мо ду сарнишин, як механик, табиб, муҳандис ва табиист, ки сӯзишворӣ ва фурудгоҳ лозим аст. Аз ин рӯ, хароҷоти бузург зарур меояд», - иброз дошт ӯ.

Абдураҳимов қайд кард, ки дар сурати зарурат, чархболҳои Вазорати мудофиа ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд. «Сарвари давлат ба Вазорати мудофиаи дастур дод, ки дар ин ҳолатҳо ба мо чархбол диҳад ва ҳангоми зарурат, мо бидуни мушкилӣ аз онҳо истифода мекунем, вале харидории чархболҳоро дар нақша дорем», - таъкид дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Абдураҳимов, тайи ду соли ахир шумори воситаҳои нақлиёти рӯизаминии Кумита ба таври қобили мулоҳиза афзудааст. «Айни замон Кумита дорои 213 адад воситаҳои нақлиёти рӯизаминӣ аст», - афзуд раиси КҲФ ва МГ.