Мақомоти интизомии Русия зодаи 43-солаи Тоҷикистон Маҳмадюнус Шариповро, ки рӯзи 25-уми ноябр аз бинои суди Бутирскаяи шаҳри Маскав фирор намуд, ҷустуҷӯ доранд. Ин маълумот дар торнамои Сарраёсати ВКД Русия дар Маскав интишор шудааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои BFM.ru бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Маҳмадюнус Шарипов ба гумони даст доштан дар интиқоли қариб 3 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин боздошт шуда, пас аз ба муддати 2 моҳ дароз кардани муҳлати таҳти ҳабс қарор доштанаш, дар назди бинои суд аз дасти посбонон фирор кардааст. Дар сурати исботи гуноҳаш, ӯро аз 15 то 20 соли зиндон ё ҳатто ҳукми ҳабси абад интизор буд.
Котиби матбуотии суди мазкур ба хабаргузорӣ гуфтааст, вақте мурофиа ба охир мерасаду Шариповро бо завлонаҳо дар даст ба назди автомашина меоранд, ӯ аз вазъи бади солимиаш ба посбон шикоят карда, ҳангоми дарро боз кардани ӯ, посбонро тела медиҳад ва рӯ ба гурез мениҳад.
Гуфта мешавад, айни замон кормандони пулис наворҳои камераҳои видеойии наздики роҳ ва биноҳои ҳамшафати макони ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.
Як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои Душанбе қатъ мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 апрели соли 2025
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста