Наҷотдиҳандагони ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе нимаи дуюми рӯзи 22-юми декабр ҷасади навраси 12-солаи шомгоҳон дар дарёи Душанбе ғарқшударо дарёфт намуда, ба ихтиёри намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Сухангӯи КҲФ ва МГ-и ҷумҳурӣ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сокини 12-солаи шаҳраки Гипрозем Умедҷон Ғарибов тариқи иншооти зиддиселии мустақиман дар зери пул ҷойгиршуда дарёро гузаштанӣ шуда, ба об афтодааст.

«Ин ҳодиса рӯзи 21-уми декабр тақрибан соатҳои 17-у 20 дақиқаи шом рух дода, аз намояндагони ҳукумати ноҳияи Фирдавсии пойтахт хабар дар бораи ин фоҷеа соати 7-у 30 дақиқаи суби 22-юми декабр ба шуъбаи навбатдории КҲФ расид. Баъди 20 дақиқа наҷотдиҳандагони мо ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд», - қайд кард Низомов.